Раҳмон: 'Истиқрори сулҳ дар Афғонистон барои Тоҷикистон бағоят муҳим аст'
Image copyrightBBC World ServiceПрезидент Раҳмон тавсеъаи ҳамкориҳо бо кишвари "ҳамзабон ва ҳамкеши" Афғонистонро аз муҳиммтарин авлавиятҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон хондааст.
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, шоми панҷшанбеи 4 декабр зимни дидор бо Абдуррауфи Иброҳимӣ, раиси Вулусӣ Ҷирга ё маҷлиси суфлои порлумони Афғонистон, гуфтааст: "Масъалаи комилан ба эътидол овардани вазъияти ин кишвар ва истиқрори сулҳу саботи он барои Тоҷикистон масъалаи калидӣ ва ниҳоят муҳим аст."
Оқои Раҳмон ибрози умедворӣ карда, ки таъсиси Ҳукумати ваҳдати миллӣ дар Афғонистон дар таҳкими саботи пойдор тавассути нигоҳ доштани тавозуни сиёсӣ ва миллию қавмӣ муваффақ хоҳад буд.
Бино ба иттилоъи дафтари матбӯъоти риёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ин дидор ҷонибҳо масоили марбут ба амният, муборизаи муштарак алайҳи қочоқи маводди мухаддир ва истирдоди мутақобилаи зиндониёни афғону тоҷик ба кишварҳои ҳамдигарро баррасӣ кардаанд.
Тибқи иттилоъи сафорати Афғонистон дар Душанбе, феълан дар зиндонҳои Тоҷикистон ҳудуди 100 тан аз атбоъи афғон нигаҳдорӣ мешаванд, ки умдатан барои убури ғайриқонунӣ аз марз ва қочоқи маводди мухаддир боздошт ва зиндонӣ шудаанд.
Дар мавриди теъдоди атбоъи тоҷик, ки дар зиндонҳои Афғонистон ба сар мебаранд, иттилоъи дақиқе дар даст нест.
Зимнан, раиси маҷлиси суфлои порлумони Афғонистон бо Шукурҷон Зуҳуров, ҳамтои тоҷики худ, низ дидор ва масоили марбут ба тавсеъаи ҳамкориҳои порлумонӣ миёни ду кишварро баррасӣ кардааст.
Бино ба иттилоъи Муҳаммадато Султонов, сухангӯйи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, оқои Иброҳимӣ бо таъкид бар муштаракоти забонӣ, фарҳангӣ ва арзишҳои исломӣ роҳи ҳамкориҳои Тоҷикистону Афғонистонро ҳамвор арзёбӣ кардааст.
Ҳамчунин, ӯ гуфтааст, ки таҷрубаи фаъъолияти порлумонӣ дар Тоҷикистон барои кишвари ҳамсояи Афғонистон омӯзанда хоҳад буд.
Дар дидорҳои Абдуррауфи Иброҳимӣ, раиси маҷлиси суфлои порлумони Афғонистон, бо мақомоти Тоҷикистон раванди иҷрои тарҳҳои минтақаӣ, назири бунёди роҳҳои оҳану утумубилрав ва эҳдоси хутути интиқоли нерӯи барқ низ матраҳ шудааст.
Ҷонибҳо таъкид кардаанд, ки дар зарфи 10 соли ахир табодули коло миёни Афғониcтону Тоҷикистон 100 баробар афзоиш ёфтааст.
Зимнан, Абдуррауфи Иброҳимӣ, намояндаи ақаллияти ӯзбактаборҳои Афғонистон, дар моҳи феврали соли 2011 раиси Вулусӣ Ҷирга ё маҷлиси суфлои порлумони Афғонистон интихоб шуд.
Дар ҳамин ҳол, Сироҷиддин Аслов, вазири хориҷаи Тоҷикистон, зимни суханронӣ дар ҷаласаи 21-уми вузарои хориҷаи кишварҳои узви Созмони Амнияту Ҳамкории Урупо дар шаҳри Базели Суис масоили амниятӣ дар Афғонистонро матраҳ кардааст.
Оқои Аслов гуфтааст, мумкин аст хуруҷи нерӯҳои НОТУ аз Афғонистон дар авохири соли ҷорӣ ба вазъи амниятӣ дар ин кишвар асари номатлуб гузорад.
Аз ин лиҳоз, ӯ аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ даъват кардааст, аз тариқи ироъаи кумакҳои молӣ ва фаннӣ ба Афғонистон барои истиқрори сулҳу субот дар ин кишвар мусоъидат кунанд.
Вазири хориҷаи Тоҷикистон таъкид кардааст, кишвараш ба навбаи худ бо Афғонистон тарҳҳои муштараки энержӣ ва иртибототиро рӯйи даст гирифтааст, ки шароитро барои ширкати фаъъоли ин кишвар дар тавсеъаи равобити иқтисодии минтақавӣ фароҳам хоҳад кард.
