Раҳмон ваъдаи баргузории интихоботи озоду шаффофи порлумониро дод
Image copyrightBBC World ServiceРаиси ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, ки ба ниҳодҳои зирабти ин кишвар дастур хоҳад дод, то интихоботи порлумонӣ ва маҷолиси маҳаллиро дар фазои озоду шаффоф баргузор кунанд.
Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи чаҳоршанбеи 5 ноябр дар маросими 20-умин солгарди тасвиби Қонуни асосии Тоҷикистон дар Кохи Борбади шаҳри Душанбе суханронӣ мекард, ислоҳи Қонуни “Интихоботи Маҷлиси Олӣ”-ро заминае барои баргузории интихоботи озод ва мунсифона арзёбӣ кард.
Оқои Раҳмон гуфт, ки ин интихобот "бояд омили муҳимми таҳкими ваҳдати миллӣ, сарҷамъии халқи Тоҷикистон ва болоравии обрӯи ин кишвар ҳамчун давлати демукротик ва ҳуқуқбунёду дунявӣ" шавад.
Ӯ гуфт: "Дар ҷараёни гузарондани тадбирҳои пешазинтихоботӣ лаҳзае набояд фаромӯш кард, ки ҳамаи мо барои фардои давлату миллат, сулҳу сабот, ваҳдати миллӣ, дар маҷмӯъ, барои ояндаи дурахшони Тоҷикистон ва баланд бардоштани эътибору обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ масъулият дорем."
Зимнан, дар остонаи интихоботи риёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли гузашта низ Президент Раҳмон эълом карда буд, ки баргузории интихоботи озоду шаффофро замонат медиҳад, аммо нозирони созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Амнияту Ҳамкории Урупо, ин интихоботро “ғайридемукротик ва ношаффоф” арзёбӣ карда буданд.
Эмомалӣ Раҳмон Қонуни асосии Тоҷикистонро як санади муҳим ва сарнавиштсоз барои мардуми ин кишвар ва “бозёфти нодири ҳалли низоъи дохилӣ” талаққӣ кард.
Ба гуфтаи оқои Раҳмон, маҳз бар асоси меъёрҳои Қонуни асосӣ роҳ барои ҳалли мусолиматомези низоъи тоҷикон (1992-97) боз шуда ва Кумисиюни оштии миллӣ таъсис шуда буд.
Ба эътиқоди ӯ, риъоят нашудани муфодди Қонуни асосӣ ва нақзи меъёрҳои ҳуқуқӣ дар авоили даҳаи 1990 мунҷар ба оғози бесаботиҳо ва дар ниҳоят, ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон шуда буд.
Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон аз тазмини озодиҳои виҷдону баён ва низоми бисёрҳизбӣ дар Қонуни асосии ин кишвар суҳбат карда, ҳамзамон аз аҳзобу созмонҳо ва гурӯҳҳои мазҳабию иҷтимоъӣ даъват кард, ки аз таҳмили "мафкураҳои муғойир бо суннату арзишҳои миллӣ, ваҳдат, субот ва якпорчагии кишвар" дар ҷомеъа худдорӣ кунанд.
Ҳамзамон, ӯ гуфт, ки бар асоси меъёрҳои Қонуни асосӣ, дар Тоҷикистон 15 қонуни афв тасвиб шуда ва беш аз 100 ҳазор нафар аз маҳбусону афроди мазнун дар ҷароим мавриди афв қарор гирифтаанд. Ҳамчунин, аз соли 2004 иҷрои ҳукми эъдом дар Тоҷикистон ба таълиқ (мораториюм) даромадааст.
Қонуни асосии Тоҷикистон рӯзи 6 ноябри соли 1994, замоне ки ҷанги дохилӣ идома дошт ва мухолифони давлату садҳо ҳазор муҳоҷирон дар хориҷ аз кишвар ба сар мебурданд, аз тариқи ҳамапурсӣ тавсиб шуд.
Сипас, ин санади ҳуқуқӣ дар солҳои 1999 ва 2003 ислоҳ шуда, дар канори иҷоза барои фаъъолияти аҳзоби мазҳабӣ, таъсиси порлумони думаҷлиса, муддати риёсати ҷумҳурӣ аз 5 то 7 сол тамдид шуд. Ба ин тартиб, мақомоти давлатӣ заминаи ҳуқуқиро барои ҳукумати беш аз 20-солаи Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии феълӣ фароҳам сохтанд.
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи мунтаиқдони оқои Раҳмон, бо вуҷуди тазмини ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон барои баргузории намоишу гирдиҳамоӣ ва анҷоми фароизи мазҳабӣ дар Қонуни асосӣ, дар амал ҳуқуқи мардум ба таври боиста риъоят намешавад.
