Чин ва Тоҷикистон якдигарро 'шарикони роҳбурдӣ' эълом карданд

  • 13 Сентябр, 2014
Ҷинпинг ва РаҳмонImage copyrightBBC World Service
Image caption Мақомоти тоҷик дар солҳои ахир аз Чин ба унвони шарики роҳбурдии Тоҷикистон ном мебаранд

Чин ва Тоҷикистон бо судури баёнияе муштарак якдигарро "шарикони истротежик" эълом карда ва барномае панҷсола дар ростои иҷрои аҳдофи ин шарокат ба тасвиб расонданд.

Ин барнома аз ҷумлаи 16 санад аст, ки рӯзи шанбеи 13 сентябр дар ҷараёни дидори давлатии Шӣ Ҷинпинг, раҳбари Чин, аз Тоҷикистон имзо шуд.

Сафари давлатии оқои Ҷинпинг як рӯз пас аз анҷоми иҷлоси раҳбарони Созмони Ҳамкории Шонгҳой, аз созмонҳои минтақаии таҳти нуфузи Чин ва Русия, бо шукӯҳи вижа баргузор шуд.

Дар баёнияи муштараки раҳбарони ду кишвар дар бораи "тақвияти минбаъдаи муносиботи шарикии истротежик" омадааст, ки "...барқарории муносибатҳои шарикии истротежик байни Тоҷикистон ва Чин ба манфиъатҳои аслӣ ва дарозмуддати ду кишвар ва халқ ҷавобгӯ буда, ба рушд ва густариши муштарак мусоъидат ва ба таҳкими сулҳи минтақаӣ ва истиқрори сабот хидмат менамояд."

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, пас аз мулоқот бо раҳбари Чин гуфт: "Ҳанӯз чанд сол қабл аз ин мо ҳатто ба худ тасаввур карда наметавонистем, ки ҳудуди думилёрдиро дар тиҷорати мутақобила мегузашта бошем. Имрӯз мо пеши худ вазифа гузоштаем, ки дар тӯли панҷ соли оянда нишондиҳандаи гардиши дуҷонибаи тиҷоратамонро то ба се милёрд дулор баланд бардорем."

Паёме ба Маскав?

Чин то кунун аз шарикони аслии иқтисодии Тоҷикистон буда ва барои бунёди ҷоддаҳову тунелҳо ва нерӯгоҳҳо дар ин кишвар сармояи ҳангуфте ҳазина кардааст. Бо ин ҳол, Тоҷикистон ҳамвора аз Русия ба унвони шарики истротежики худ ном мебурд. Кишваре, ки мизбони беш аз як милюн муҳоҷири кории тоҷик аст ва дар Тоҷикистон пойгоҳи низомӣ дорад.

Ҳикматуллоҳи Сайфуллоҳзода, таҳлилгари маҳаллӣ дар Тоҷикистон, мегӯяд, ки эъломи Чин ба унвони шарики роҳбурдӣ паёме ба Маскав аст: "Мақомоти тоҷик мехоҳанд ба Русия паём диҳанд, ки ҷаноби оқои Путин, агар интизороте, ки мо дорем, пиёда намешаванд, пас Чин омода аст, ин гуна корҳоро анҷом диҳад."

Image caption Оқои Сайфуллозода мегӯяд, ки мақомоти тоҷик ба Маскав паём медиҳанд, то интизороташонро бароварда созад

Вай афзуд: "Масалан бибинед, як масъалаи муҳоҷират дар тамоми сутуҳ бо Маскав матраҳ аст. Вале мо дар ҳамин масъала пешравие бо шарики аслии истротежики хеш, ки аз қабл эълом карда будем, надорем."

Эъломи “шарокати истротежик” байни Чин ва Тоҷикистон, ҳарчанд мумкин аст хашми Русияро баангезад, вале ҳар ойина, фасли тозае аз равобити ин ду кишварро рақам мезанад. Раҳбарони ин ду кишвар ҳамчунин барномае панҷсола барои расидан ба аҳдофи ин шарокат аз соли 2015 то соли 2020 тасвиб карданд.

Онҳо имрӯз бо ширкат дар маросиме як нерӯгоҳи ҳароратӣ дар Душанберо ифтитоҳ ва сохтмони лӯлаи гозе аз Туркманистон ба Чинро, ки аз қаламрави Тоҷикистон мегузарад, оғоз карданд. Ба назари бисёре аз таҳлилгарон ин маросим метавонад оғози ҳамин шарокати роҳбурдӣ бошад.

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронӣ дар расми оғози тарҳи кашидани лӯлаи гоз гуфт: "Ин лӯлаи гоз дар маҷмӯъи лӯлаҳои гози "Осиёи Марказӣ - Чин" хатти чаҳорум ва кӯтоҳтарин мебошад ва дар муқоиса бо се хатти дигар ба масофаи як ҳазор килуметр кӯтоҳтар аст."

Ин лӯлаи гоз аз Турманистон ба Чин аз тариқи Узбакистону Тоҷикистон ва Қирғизистон мегузарад, ки тӯли он дар қаламрави Тоҷикистон 400 килумет аст ва сохтмони он се сол тӯл хоҳад кашид. Дар имтидоди он бунёди 47 тунел ба масофати 76 килуметр, аз ҷумла 24 тунел дар зери об, пешбинӣ шудааст.

Оқои Раҳмон афзуд: "Аз рӯи ҳисобҳои пешакӣ, арзиши лоиҳа дар қаламрави кишвари мо дар маҷмӯъ се милёрду 200 милюн дулори омрикоиро ташкил хоҳад дод. Дар давраи сохтмон зиёда аз се ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфта, ба будҷеи давлат даромади зиёде ворид хоҳад шуд."

Вобастагии иқтисодӣ?

Тарҳҳои иқтисодии Чин барои Тоҷикистон, ки фақиртарин кишвар дар Осиёи Миёна маҳсуб мешавад, бағоят муҳим арзёбӣ мешаванд. Аммо бархе аз таҳлилгарон дар ин тарҳҳо ба чашми тардид менигаранд.

Image copyrightBBC World Service
Image caption Оқои Давлат мегӯяд, ки Чин бо додани қарзаҳо ба кишварҳои заъиф онҳоро пойбанди худ мекунад

Нуралӣ Давлат, таҳлилгари тоҷик, мегӯяд: "Мақомоти Тоҷикистон бояд дар робита бо Чин эҳтиёт ба харҷ диҳанд, зеро ин кишвар бо додани қарзаҳо ба кишварҳои заъифи минтақа онҳоро вобастаи худ мекунад. Ба назари ман, Тоҷикистон набояд пойбанди иқтисоди Чин шавад. Баръакс, бояд ба дунболи фазоҳои беҳтари ҳамкорӣ бо ҳамсоягони дигараш бошад, бавижа Узбакистон, ки робитааш бо мо ҳоло беҳтар шудааст."

Оқои Давлат ҳамчунин мегӯяд, ки Тоҷикистон бояд ба сиёсати "бисёрсамтӣ" ё "дарҳои боз", ки қаблан эълом карда буд, пойбанд бимонад ва дар равобити худ бо қудратҳои бузурге, чун Русияву Чин ва Омрико, тавозунро нигоҳ дорад.

Дар ҳамин ҳол, яке аз нукоти умдаи эъломияи муштараки Тоҷикистону Чин, ки аз ҳафт модда иборат аст, эҳтиром ба ҳокимияти миллӣ, истиқлол, якпорчагӣ ва тамомияти арзии ҳарду тараф аст. Ин ду кишвари ҳамсоя ҳамчунин таъаҳҳуд кардаанд, ки бо душманони якдигар ҳаргиз ҳампаймон нахоҳанд шуд.

Дар баёния омада: "Тарафҳо бори дигар изҳор медоранд, ки аз иштирок дар иттиҳодияҳо ва ё иттифоқҳои душманонаи зидди истиқлол, амният ва тамомияти арзии яке аз Тарафҳо равонашуда худдорӣ хоҳанд кард, ба амалиётҳои мушобеҳ, аз ҷумла бо тарафи сеюм бастани ин гуна созишномаҳо иқдом нахоҳанд кард; дар қаламрави яке аз Тарафҳо ба таъсиси созмонҳо ва гурӯҳҳое, ки ба истиқлол, амният ва тамомияти арзии Тарафи дигар зарар хоҳад расонд, роҳ ва ба фаъъолияти онҳо рухсат нахоҳанд дод."

Дар баробари ин, Тоҷикистон басароҳат эълом карда, ки истиқлоли Тойвонро ҳаргиз ба расмият намешиносад, мухолифи истиқлоли ин ҷазира аст ва ба сиёсати "Чини ягона" вафодор боқӣ хоҳад монд.

Раҳбарони Чину Тоҷикистон ҳамчунин ба густариши ҳамкориҳои молию тиҷорӣ, илмию фарҳангӣ, иҷтимоъӣ, кишоварзӣ, энержӣ, саноеъ, ҳамлу нақл ва иртиботот, амниятию дифоъӣ ва мубориза бо терурисму ифротгароӣ ва ҷудоиталабӣ, ки аз онҳо ба унвони "се қувваи шар" ёд шуда, таъкид кардаанд.

Дар баёнияи муштараки онҳо омадааст: "Тарафҳо омодаанд муносибатҳои зичро густариш диҳанд ва барои бунёди навори иқтисодии Роҳи абрешим муштаракан кӯшиш ба харҷ диҳанд ва ба ин васила дурнамои нави васеъро барои ҳамкориҳои Тоҷикистону Хитой ифтитоҳ намоянд."

Дар ниҳоят, ба назар мерасад, Шӣ Ҷинпинг дар сафари давлатии худ ба Тоҷикистон "дасти холӣ наёмадааст." Мақомоти ду кишвар қарордоде дар бораи тахсиси маблағи 300 милюн юани чинӣ ё ҳудуди 49 милюн дулори омрикоӣ кумаки билоъивази фаннию иқтисодӣ ба Тоҷикистон имзо кардаанд.

Матолиби муртабит