Дидори 'басо муҳимми' Раҳмон ва Каримов дар Душанбе

  • 12 Сентябр, 2014
Раҳмон, КаримовImage copyrightBBC World Service
Image caption Дидори ахири Ислом Каримов аз Тоҷикистон зоҳиран метавонад натоиҷи мусбате барои беҳбуди равобити Душанбе ва Тошканд дошта бошад

Сойти риёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дидори дирӯзи (10-уми сентябр) Эмомалӣ Раҳмон ва Ислом Каримов, руасои ҷумҳури Узбакистон ва Тоҷикистонро, "басо муҳимм" унвон кардааст.

Эмомалӣ Раҳмон, ки шоми рӯзи панҷшанбе дар ҳошияи сафари Ислом Каримов ба Тоҷикистон барои ширкат дар иҷлоси Гурӯҳи Шонгҳой дар Душанбе бо ӯ мулоқот дошт, гуфтааст: "Бешубҳа, муносибот бо Узбакистон барои Тоҷикистон аз афзалиятҳои асосӣ ба шумор меравад."

Бино ба гузориши дафтари матбӯъотии риёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, оқои Раҳмон дар ин дидор таъкид карда: "Мо ба таҳкими муносиботи баробарҳуқуқ бо Узбакистони бародар, тавсеъаи арсаҳои ҳамгироӣ ва густариши робитаҳо дар ҳамаи сатҳу зинаҳо самимона манфиъатдорем."

Гузориш афзудааст: "Тарафҳо ба таҳким ва рушди муносиботи дӯстӣ ва ҳусни ҳамсоягӣ, ки тайи таърихи тӯлонии ҳамзистии мардумони ду кишвар ташаккул ёфтааст, изҳори ҳавасмандӣ намуданд."

Риёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳоле дидор бо раиси ҷумҳурии Узбакистонро муҳим талаққӣ карда ва оқои Раҳмон ин кишвари ҳамсояро "бародар" мехонад, ки тайи солҳои ахир равобити миёни Душанбе ва Тошканд бо мушкилоте рӯбарӯ буда ва ҳамкориҳои ду кишвар тақрибан қатъ шуда буд.

Табқи гузоришҳои расмӣ, тайи шаш соли ахир табодули коло миёни ин ду кишвари ҳамсоя аз 300 милиюн дулор дар соли 2007 то ду милюн дулор дар соли 2014 коҳиш ёфтааст.

Равобити миёни ин ду кишвар умдатан ба хотири мухолифати Тошканд бо тарҳи Тоҷикистон барои бунёди садди баландтарин дар дунё барои нерӯгоҳи обии "Роғун" тира шудааст.

Ин тарҳ, ба гуфтаи коршиносон, метавонад на танҳо Тоҷикистонро аз вобастагии энержӣ раҳо кунад, балки ин кишвари фақиртарин дар миёни ҷамоҳири собиқи шӯравиро ба яке аз бозигарони калидӣ дар минтақа табдил диҳад.

Зоҳиран дидори ахири Ислом Каримов аз Тоҷикистон метавонад натоиҷи мусбате барои беҳбуди равобити Душанбе ва Тошканд ба дунбол дошта бошад, зеро ба гуфтаи дафтари матбӯъотии риёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дидори ахири Эмомалӣ Раҳмон ва Ислом Каримов "дар фазои гарму самимӣ" сурат гирифтааст.

Дар сойти риёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин мехонем: "Изҳори боварӣ карда шуд, ки мушкилу монеъаҳои мавҷуда аз роҳи рушди муносиботи ду кишвари ҳамсоя, аз ҷумла дар доираи Аҳднома доир ба дӯстии абадӣ, ки соли 2000 ба имзо расида буд, бартараф хоҳанд шуд."

Президент Раҳмон ҳанӯз дар аввали сентябр дар иртибот бо солгарди ҷашни истиқлоли Узбакистон ба Ислом Каримов, раиси ҷумҳурии ин кишвар, паёми табрикӣ ирсол карда ва дар он ба истифодаи "тамоми иқтидори мавҷуда барои таҳкими минбаъдаи муносиботи неки ҳамсоягӣ ва ҳамкориҳои мутақобила” таъкид карда буд.

Оқои Раҳмон дар он паём ибрози умедворӣ карда буд, ки дидори қарибулвуқӯъи Ислом Каримов аз Тоҷикистон дар чорчӯби ҳамоиши сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шонгҳой ба ин раванд тақвият бахшад.

Қаблан интизор мерафт, ки Русия ба унвони шарики истротежики кишварҳои минтақа ба ҳалли мушкилоти миёни Душанбе ва Тошканд кумак кунад. Аммо Русия бетарафиро дар ин қазия интихоб карда ва ишораҳое ба он мекунад, ки дар муносиботи Тоҷикистону Узбакистон дахолат нахоҳад кард.

Бо ин вуҷуд, яке аз интизороти Тоҷикистон аз иҷлоси Гурӯҳи Шонгҳой ин аст, ки ин ҳалли мушкилот миёни Тошканд ва Душанбе дар мулоқоти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шонгҳой матраҳ шавад.

Оқои Раҳмон дар ҳошияи сафари сарони кишварҳои узви Гурӯҳи Шонгҳой ба Душанбе, рӯзи панҷшанбе ҳамчунин бо Влодимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия, ва Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳурии Қазоқистон, дувумин шарики тиҷоратии Тоҷикистон дар миёни ҷамоҳири собиқ шӯравӣ низ мулоқот кард.

Гузориш шуда, ки дар ин мулоқотҳо низ тарафҳо ба судманд будани ҳамгироии кишварҳои минтақа барои таҳкими амнияту субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ таъкид кардаанд.

Матолиби муртабит