Рустам Абдуллоев: Дар мавриди Роғун матлабе нанавиштаам

  • 8 Август, 2014
Рустам Абдуллоев
Image caption Рустам Абдуллоевгуфтаааст, ки дар мавриди Роғун матлабе нанавиштааст

Рустам Абдуллоев, донишманди ӯзбак гуфтааст, бо пешниҳоди бомборон кардани нерӯгоҳи Роғуни Тоҷикистон матлабе мунташир накардааст.

Оқои Абдуллоев ба Би-би-сӣ гуфт, мақолаи “Ӯзбакистон бояд ба хотири таҳкими қудратмандӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ талош кунад”, ки рӯзи 4 августи соли ҷорӣ дар торнамои “centrasia.ru” чоп шуда буд, ба ӯ рабте надорад.

Рустам Абдуллоев гуфт, ин матлаб аз ҷониби “кадоме аз иғвогар” таҳия шуда ва ӯ дар ин замина ба торнамои “centrasia.ru” раддияе фиристодааст.

Оқои Абдуллоев дар ин раддия хостааст, то замони дар торнамои маҷаллаи илмии “Иқтисоди фарогир”-и ӯ мунташир нашудани мақолааш он набояд дар торнамоҳои дигар чоп шаванд.

Қаблан Рустам Абдуллоев дар мавриди Тоҷикистону тоҷикон матолиби баҳсноке таҳия карда ва ин матолиб дар Тоҷикистон вокунишҳои хашинеро ба дунбол доштааст.

Ҳамчунин, оқои Абдуллоев пешниҳод карда буд, ки Гулнора Каримова дар Ӯзбакистон малика эълом шавад.

Зимнан, матлаби бомборон кардани нерӯгоҳи Роғун ба василаи ҷангандаҳои Ӯзбакистон дар ҷомеъаи Тоҷикистон ба вокунишҳои шадиде мувоҷеҳ шуда ва иддае аз чеҳраҳои сиёсию фарҳангӣ ва масъулони ниҳодҳои давлатӣ ин гуна ибрози назарро шадидан маҳкум карданд.

Аз ҷумла, Раҳматилло Зойиров, раҳбари ҳизби мухолифи сусиёл-демукроти Тоҷикистон ин гуна роҳи ҳаллро барои рафъи мушкилоти обу энержии минтақаи Осиёи Марказӣ ғайри қобили қабул хонд.

Расонаҳои мустақили Тоҷикистон зимни маҳкум кардани пешниҳоди бомборони нерӯгоҳи Роғун таъкид дошанд, ки ин гуна хатар метавонад ақшори мухталифи ҷомеъаи Тоҷикистонро дар баробари таҳдиди хориҷӣ муттаҳид кунад.

Чеҳраҳои фарҳангии Тоҷикистон низ дар қиболи ин гуна таҳдид вокуниш карда ва Беҳрӯзи Забеҳулло, шоъири тоҷик, дар ин замина шеъре иншо кардааст.

Мақолае бо пешниҳоди бомборон кардани нерӯгоҳи Роғун билофосила пас аз ибрози назарҳои Рустам Азимов, муъовини аввали нахуствазири Ӯзбакистон дар нишасти ахири намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Олмотии Қазоқистон, ки дар нашрияҳои Ӯзбакистон мунташир шуда буд, пайдо шуд.

Оқои Азимов гуфта буд, ки Ӯзбакистон ба ҳеч ваҷҳ аз тарҳи бунёди нерӯгоҳи барқи обии Роғун пуштибонӣ нахоҳад кард.

Ҳамчунин, ӯ натиҷагирии коршиносони байналмилалӣ таҳти назари Бонки Ҷаҳониро дар мавриди тарҳи бунёди нерӯгоҳи Роғун “ғайри қобили қабул” хонда ва хостори ташхиси дигар дар ин замина шуд.

Матолиби муртабит