Бовари Маҳкамов ба таъсиси иттиҳоде ҷадид дар ҳавзаи пасошӯравӣ
Image copyrightBBC World ServiceҚаҳҳор Маҳкамов, раиси ҷумҳурии собиқи Тоҷикистон дар авоили даҳаи 1990, барои нахустин бор пас аз ҳудуди 24 соли барканорӣ аз қудрат ва сукути тӯлонӣ назароти сиёсии худро иброз кардааст.
Оқои Маҳкамов, ки солҳои пас аз шаш соли зимомдорӣ дар авохири августи 1991 аз қудрат барканор шуд, асри панҷшанбеи 22 май дар маҳфили “Гуфтугӯи тамаддунҳо” дар шаҳри Душанбе гуфт, ки буҳрони Укройн қазияе сиёсӣ ва баёнгари рақобати Ғарб бо Русия аст.
Раисҷумҳури собиқи Тоҷикистон, ки аз ҳомиёни Иттиҳоди Шӯравии собиқ шинохта шудааст, таъкид кард, ки Омрико ва Урупо “барои ба даст овардани боигариҳои Русия” Укройнро зери назорати худ гирифта ва қасд доранд ба марзҳои Русия наздик шаванд.
Ҳафтаи гузашта Акбари Тӯраҷонзода, рӯҳонӣ ва чеҳраи саршиноси сиёсии дигар, низ дар мусоҳиба бо Би-би-сӣ аз иқдоми Русия дар тасарруфи ҷумҳурии Кримеи Укройн пуштибонӣ карда ва аз давлати Тоҷикистон хоста буд, то аз мавзеъи Русия, шарики истротежии худ, ҳимоят кунад.
Аммо то ҳол мақомоти Тоҷикистон дар мавриди буҳрони Укройн ва тасарруфи минтақаи худмухтори Криме тавассути Русия расман ибрози назаре накардаанд.
Оқои Маҳкамов буҳрони Укройнро авоқиби фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ арзёбӣ кард, ки ба дунболи он дар бештари кишварҳои пасошӯравӣ бо шумули Тоҷикистон нооромию беназмиҳо рух додааст.
Вай Михаил Горбачёв, раҳбари вақти шӯравиро дар авохири даҳаи 1980 ва авоили даҳаи 1990 муқассири фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ хонд, ки имкон ва ваколати дастгир кардани се раҳбари Русия, Белорус ва Укройн дар минтақаи Беловежи Белорусро дошт, аммо накард.
Ин се раҳбар дар моҳи декабри соли 1991 дар минтақаи Беловеж санади фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравиро имзо карданд ва оқои Горбачев аз ин иқдом натавонист ҷилавгирӣ кунад.
Оқои Маҳкамов, ки дар замони риёсати ҷумҳурияш аз ҳомиёни Иттиҳоди Шӯравӣ шинохта шуда ва яке аз далоили барканорияш ҳимояташ аз омилони ҳаводиси мавсум ба "ГКЧП" буд, дар маҳфили рӯзи панҷшанбе ҳамчунин гуфт, ки ба таъсиси "Иттиҳоди кишварҳои пасошӯравӣ" дар оянда бовар дорад.
Аммо ин эҳёи Иттиҳоди Шӯравӣ набуда, балки иттиҳоди ҷадиди кишваҳои мустақил хоҳад буд.
Тарҳи нотамоми "Роғун"
Вай зимни ёдоварӣ аз даврони зимомдорияш гуфт, ки агар мардум бо ӯ мухолифат намекарданд, ӯ нерӯгоҳи "Роғун"-ро ҳамон замон месохт. Ӯ гуфт, ки ба далели мухолифати сокинони маҳаллӣ дар минтақаи Рашт тарҳи бунёди нерӯгоҳи "Роғун" он замон мутаваққиф шуд.
Оқои Маҳкамов гуфт, ки афрод ва гурӯҳҳои ҷудогона сокинони ноҳияи Комсомолободро (Нурободи феълӣ) таҳрик карда ва аз идомаи корҳои сохтмонӣ дар нерӯгоҳи "Роғун" монеъ шуданд.
Ба гуфтаи ӯ, дар солҳои 1989 ва 1990 бархе аз сокинони ин минтақа барои ҷилавгирӣ аз бунёди ин нерӯгоҳ "худро зери чархи булдозеру мошинҳои боркаш партофта" буданд.
Қаҳҳор Маҳкамов дар зарфи 40 сол дар симатҳои мухталиф, аз ҷумла риёсати кумитеи нақшаи давлатӣ (госплан) ва дар симатҳои нахуствазир, муншии аввали Ҳизби кумунист, риёсати Шӯрои олӣ (порлумон) ва дар ниҳоят, риёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, ифои вазифа карда буд.
Ба гуфтаи ӯ, дар ин муддат дар Тоҷикистон 19 корхона ва таъсисоти бузург, назири корхонаҳои олуминиюм дар шаҳри Турсунзода ва корхонаи шимӣ дар шаҳраки Ёвон бунёд шуда ва ҳудуди 50 дарсади корҳои сохтмонӣ дар нерӯгоҳи "Роғун" анҷом шуда буд.
Тарҳи бунёди нерӯгоҳи "Роғун" дар моҳи декабри соли 1979 аз ҷониби Шӯрои вазирони Иттиҳоди Шӯравӣ тасвиб шуда ва барои иҷрои ин тарҳ ба миқдори як милёрду 347 милюн рубли шӯравӣ, ки он замон маблағи ҳангуфте маҳсуб мешуд, ихтисос дода шуда буд.
Ба гуфтаи оқои Маҳкамов, аз соли 1980 то соли 1989 дар ин тарҳ корҳои аслӣ анҷом шуда, 70 килуметр тунели обпартои зеризаминӣ ва толори чархаҳои нерӯгоҳ бунёд ва турбинии якум ба ин минтақа расида буд.
Аммо ба далели мухолифати ҷиддии сокинони ноҳияи Комсомолобод (Нурододи кунунӣ) дар шарқи Тоҷикистон дар солҳои 1989-1990 корҳои сохтмонӣ дар ин нерӯгоҳ тақрибан мутаваққиф шудааст.
Ӯ гуфт: "Бо мардуми минтақа суҳбат кардем, як мизи гирди телевизиюнӣ дар мавриди нерӯгоҳ баргузор шуд. Як шоъира гуфт, ки агар сарбанди нерӯгоҳ сохта шавад, китобхонааш дар ин ноҳия зери об мемонад. Таклиф кард, ки сарбанд пойин бурда шавад. Мо ба ин ҳам розӣ шудем. Аммо кор кардан намонданд."
Ба навиштаи нашрияҳои авоили даҳаи 1990-и Тоҷикистон, иддае аз фарҳангиён ва коршиносони муҳити зист ин корзори таблиғотиро алайҳи бунёди нерӯгоҳи "Роғун" роҳандозӣ карда буданд.
Бисёриҳо муътақиданд, ки дар сурати фароҳам будани шароити мусоъиди кор дар авохири соли 1990 имкон дошт, ду чархаи нерӯгоҳи "Роғун" фаъъол шуда ва ба ҳисоби фурӯши нерӯи барқи онҳо чаҳор чархаи дигари нерӯгоҳ низ марҳила ба марҳила эҳдос мешуд.
Дар замони мутаваққиф шудани корҳои сохтмонӣ дар нерӯгоҳи "Роғун" дар соли 1992 дар ин тарҳ ба миқдори 737 милюн рубл масраф шуда, садди 30-метрӣ бунёд шуда буд. Қарор буд, пас аз ба 120 метр расидани сад чархаи аввали нерӯгоҳ фаъъол шавад.
Вале дар пайи оғози ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон дар соли 1992 куллияи таҷҳизоти нерӯгоҳ, бо шумули 700 комюн ё мошинҳои боркаш ва экскватори нодири қадамзан (шагаюший) ғорат шуданд.
Дар моҳи октябри соли 2004 дар шаҳри Душанбе миёни давлати Тоҷикистон ва ширкати “Русал”-и Русия дар мавриди идомаи бунёди нерӯгоҳи “Роғун” як санади ҳамкорӣ имзо шуда, аммо дар авосити соли 2007 ба далели адами таъаҳҳудот аз ҷониби ин ширкати русӣ ин қарордод лағв шуд.
Дар моҳи январи соли 2010 давлати Тоҷикистон саҳоми нерӯгоҳи "Роғун"-ро барои сокинони кишвар ба фурӯш бароварда ва эълом дошт, ки ин пружеро бо нерӯи худ эҳдос хоҳад кард.
Тибқи иттилоъи Вазорати молияи Тоҷикистон, ба ҳисоби фурӯши саҳоми ин нерӯгоҳ 180 милюн дулор ба даст омадааст, ки дар корҳои сохтмонӣ масраф хоҳад шуд.
Аммо ба далели мухолифатҳои Узбакистон бо тарҳи нерӯгоҳи "Роғун" ба хотири имкони бад шудани вазъи зистмуҳитӣ ва камбуди об дар минтақа дар соли 2011 аз ҷониби коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ бозрасии фаннӣ ва зистмуҳитии нерӯгоҳи "Роғун" шурӯъ шуда, аммо то ҳол натоиҷи он эълом нашудааст.
Дар пайи шурӯъи бозрасӣ корҳои сохтмонӣ дар ин нерӯгоҳ мутаваққиф шуда ва ҳудуди панҷ ҳазор коргар таътил шудаанд.
