Дидорҳои мақомоти Тоҷикистон ва БҶ пешопеши нашри 'гузориши Роғун'
Ахиран Палома Анос Касеро, мудири бахши хусусӣ ва молии минтақаи Урупо ва Осиёи Миёнаи Бонки Ҷаҳонӣ бо Абдуҷаббор Ширинов, раиси бонки миллии Тоҷикистон дар Душанбе мулоқот анҷом доданд.
Бино ба иттилоъи Бонки миллӣ рӯзи 24-уми сентябр хонуми Касеро дар раъси ҳайъати коршиносон ва муттахасисони Бонки Ҷаҳонӣ бо мақомоти Бонки миллӣ ҳамкориҳои миёни ин бонк ва Тоҷикистонро баррасӣ карданд.
Ин дар ҳолест, ки яке аз бахшҳои муҳимми ҳамкориҳои миёни Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ тарҳи бозрасии фаннӣ ва муҳитзистии бунёди нерӯгоҳи “Роғун” аз сӯйи мустақили коршиносони байналмиллалӣ дар Тоҷикистон аст.
Ҳафтаи гузашта Сароҷ Кумор Ҷҳо, раиси намояндагии Бонки Ҷаҳонӣ дар Осиёи Миёна низ ба Душанбе сафар карда ва бо Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дидору гуфтугӯ кард.
Ин мулоқотҳо пешопеши интишори гузориши авалия дар заминаи натоиҷи бозрасии фаннӣ ва муҳитзистии бунёди нерӯгоҳи “Роғун” дар Тоҷикистон анҷом шуданд.
Гузориш шуд, ки оқои Кумор Ҷҳо Эмомалӣ Раҳмонро дар ҷараёни ин натоиҷи гузошт, ки ҷузъиёти он қабл аз интишори расмии ин гузориш дар охири моҳи ҷорӣ ироа намешавад.
