Бонки Ҷаҳонӣ таърихи поёни ташхиси “Роғун”-ро эълом кард
Image copyrightBBC World ServiceЛора Так, муъовини раиси Бонки Ҷаҳонӣ дар манотиқи Урупо ва Осиёи Марказӣ гуфт, дар назар аст, дар нимаи соли ҷорӣ натоиҷи арзёбии иқтисодию фаннӣ ва экулуҷию иҷтимоъии нерӯгоҳи “Роғун” эълом шавад.
Интизор мерафт, дар моҳи июни соли гузашта Бонки Ҷаҳонӣ натоиҷи бозрасии фаннӣ ва зистмуҳитии нерӯгоҳи “Роғун”-ро эълом кунад, аммо ин амр то поизи соли гузашта ба таъвиқ афтод. Ҳамакнун Бонки Ҷаҳонӣ таърихи ҷадиди поёни ин гуна арзёбиро эълом кардааст.
Хонуми Так, ки рӯзи сешанбеи 11 феврал, дар ҷамъи хабарнигорон сӯҳбат мекард, гуфт, бар асоси натоиҷи ин арзёбӣ тасмим дар бораи идомаи бунёди нерӯгоҳи “Роғун” иттихоз хоҳад шуд.
Ӯ аз мусоъидати давлати Тоҷикистон барои “ташхиси шаффофу ошкор” қадрдонӣ кард ва гуфт, ин ташхис “ҳолатҳои иқтисодию фаннӣ, экулуҷӣ ва иҷтимоъӣ”-и тарҳи “Роғун”-ро мушаххас хоҳад кард.
Лора Так дар мавриди қонуни Омрико дар мавриди манъи нерӯгоҳҳои бузург гуфт, ин ҳаққи Омрико, кишвари саҳмдори Бонки Ҷаҳонӣ буда ва мавриди ташреҳ қарор нахоҳад гирифт.
Зимнан, дар моҳи гузашта дар Омрико қонуне тасвиб шуд, ки тибқи он намояндагиҳои Иёлоти Муттаҳидаи Омрико муваззаф шудаанд, аз сармоягузорӣ ё тасвиби санад барои бунёди сарбанд ва нерӯгоҳҳои бузурги барқи обӣ худдорӣ кунанд.
Ин дар ҳолест, ки Омрико аз сармоягузорони аслии Бонки Ҷаҳонӣ, Сандуқи Байналмилалии Пул ва созмонҳои дигари байналмилалии молӣ маҳсуб мешавад.
Тарҳи бунёди нерӯгоҳи Роғуни Тоҷикистон бо мухолифати шадиди Ӯзбакистон рӯбарӯ шуда ва боъиси сард шудани равобити миёни ду кишвар шудааст.
Ӯзбакистон иддаъо дорад, ки бунёди нерӯгоҳи Роғун бо баландтарин садд дар ҷаҳон ба муҳити зисти минтақаи Осиёи Марказӣ асари номатлуб гузошта ва дар заминаи дастрасии сокинони митақа ба об маҳдудиятҳо эҷод хоҳад шуд. Аммо давлати Тоҷикистон ин иддаъоро бепоя хондааст.
Мухолифати кишварҳои поёноб, аз ҷумла Ӯзбакистон бо тарҳи “Роғун”, давлати Тоҷикистонро водор кард, ки барои анҷоми чунин арзёбии байналмиллалӣ мувофиқат кунад.
Тибқи тавофуқот миёни давлати Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ ин ниҳоди молии байналмиллалӣ арзёбии фаннӣ ва зистмуҳитии тарҳи “Роғун”-ро бар ӯҳда гирифтааст.
Барои иҷрои ин амр дар соли 2010 миёни ширкатҳои байналмилалӣ озмун эълом шуда буд. Як эътилофи ширкатҳои байналмиллалӣ ба раҳбарии ширкати фаронсавии "Coyne et Bellier" барандаи озмун барои арзёбии фаннӣ ва молии ин тарҳ дониста шуд.
Гуфта мешавад, бунёди нерӯгоҳи “Роғун” бо тавоноии 3600 меговотт мушкили камбуди нерӯи барқро дар Тоҷикистон ҳалл карда, бо тавлиди нерӯи барқи арзон ба иқтисоди дохилӣ субот бахшида ва ба содиркунандаи умдаи энержӣ дар Осиёи Марказӣ мубаддал хоҳад шуд.
