'Ҷаҳон бояд барои поёни нақзи ҳуқуқи башари Куреи Шимолӣ иқдом кунад'

  • 18 Феврал, 2014
Image caption Мойкл Кирбӣ аз Созмони Милали Муттаҳид хоста парвандаи Куреи Шимолиро ба девони кайфарии байналмилалӣ ироа кунад.

Созмони Милали Муттаҳид бо интишори гузорише ҳукумати Куреи Шимолиро ба нақзи фоҳиши ҳуқуқи башар муттаҳам кардааст.

Як кумитаи вижаи СММ пас аз як сол таҳқиқ эълом кардааст, ки шиддаи густардагии хушунати созмонёфта тавассути Куреи Шимолӣ ба ҳаддест, ки дунё бояд барои муқобила бо онон даст ба иқдом бизанад.

Бино бар ин гузориш мадорик ва шавоҳид қавиан нишон медиҳад, ки дар Куреи Шимолӣ масодиқи ҷиноят алайҳи башарият рух дода ва ҳамчунон дар ҷараён аст.

Дар гузориши такондиҳандаи Мойкл Кирбӣ, раиси кумитаи вижаи Созмони Милали Муттаҳид дар умури ҳуқуқи башари Куреи Шимолӣ аз авзоъи ин кишвар, рафтори Пюнгёнг бо мардум бо ҷиноёти ҷангии Олмони нозӣ дар ҷанги ҷаҳонии дувум муқоиса шудааст; нақзи ҳуқуқи башаре, ки ба гуфтаи оқои Кирбӣ дар дунёи имрӯз назир надорад.

Гузориши кумитаи вижаи Созмони Милали Муттаҳид аз вуҷуди шабакае аз зиндонҳои сиррӣ хабар дода ва тахмин задааст, ки садҳо ҳазор нафар то ба ҳол бар асари гуруснагӣ ва бадрафторӣ дар ин зиндонҳо ҷон дода бошанд.

Ба гуфтаи бозраси аршади Созмони Милали Муттаҳид ҳадаф аз барпоии ин зиндонҳо саркӯби мухолифон ва трсондани мардум аст.

Куреи Шимолӣ мегӯяд чунин зиндонҳо ва урдугоҳҳое дар ин кишвар вуҷуд надорад. Бо ин ҳама тасовири моҳвораӣ вуҷуди онҳоро таъйид мекунад.

Оқои Кирбӣ мегӯяд: "Мо дар гузоришамон шаҳодати афродеро овардаем, ки баёнгари воқеъист, ки дар ин зиндонҳо рух медиҳад. Он чи дар зиндонҳо ва урдугоҳҳои кори иҷбории Куреи Шимолӣ мегузарад ва бинобар шавоҳид ва мадорики бадастомада, бисёр дилхарош аст. Ин ки занони бордоре, ки аз Чин ба Куреи Шимолӣ бозгардонда шудаанд маҷбур ба сиқти ҷанин мешаванд ё дар мавориде ба дастури мақомот навзодонашонро ғарқ кардаанд. Танҳо ба ин хотир, ки падари навзодон эҳтимолан чинӣ буда ва навзоди дурага таҳдиде алайҳи нажоди куреӣ ташхис дода шуда буд. Ба гуфтаи баъзе аз шоҳидон, ҷурми баъзе аз зиндониҳо сирфан тамошои як сериоли хориҷӣ будааст.

Созмони Милали Муттаҳид баровард мекунад, ки ҳадди ақал 80 ҳазор нафар дар Куреи Шимолӣ бар асоси иттиҳомоти сиёсӣ маҳбус бошанд, бидуни он ки аз маҳалли ҳабс ё сарнавишташон иттилоъе дошта бошанд.

Бар асоси ин гузориш, нигаҳбони собиқи пайке аз ин урдугоҳҳои иҷборӣ гуфтааст аҷсоди зиндониёни мурда, сӯзонда ва аз хокистари онҳо ба унвони куд истифода шудааст.

Кумитаи вижаи Созмони Милали Муттаҳид дар умури Куреи Шимолӣ иҷозаи сафар ба ин кишварро надошта, аммо дар Тукию, Ландан ва Вошингтун аз дастикам 80 нафар шаҳодат ҷамъоварӣ кардааст.

Ҳадди ақал 240 нафар ҳам барои такмили ин гузориш ба таври маҳрамона шаҳодат додаанд, то аз иқдомоти талофиҷӯёнаи давлати Куреи Шимолӣ дар амон бошанд.

Дейвид Олтун, узви маҷлиси аъёни Бритониё ин гузоришро муҳим медонад ва мегӯяд ин аввалин бор аст, ки Созмони Милал аз кумитае хостааст дар бораи нақзи ҳуқуқи фоҳиши ҳуқуқи башар дар Куреи Шимолӣ таҳқиқ кунад. Ҳудуди 200 ҳазор то 300 ҳазор нафар дар шабакае аз зиндонҳои махуфи Куреи Шимолӣ маҳбус ҳастанд; дар зиндонҳое, ки дар гузашта чандон дар маърази диди умум набуд ва ба онҳо таваҷҷуҳи зиёде надошт."

Кунтрули хӯроки мардум

Бино бар гузориши Созмони Милал, давлати куммунистии Куреи Шимолӣ бо кунтрули маводди ғизоӣ мардумро кунтрул мекунад; ба иборате ба таъмини хӯроки он даста, ки барои ҳифзи ҳукумат муҳим ҳастанд, авлавияти бештаре медиҳад.

Куреи Шимолӣ иттиҳомоти Созмони Милалро рад карда ва онро натиҷаи "сиёсӣ шудани ҳуқуқи башар" донистааст. Пюнгёнг дар айни ҳол Иттиҳодияи Урупо, Жопун ва Омрикоро муттаҳам ба тавтеъа алайҳи худ кардааст.

Раиси кумитаи таҳқиқи СММ мегӯяд шахсан ба Ким Ҷунг Ун, раҳбари ҷавони Куреи Шимолӣ, нома навишта ва ҳушдор дода, ки метавонат таҳти пайгарди девони кайфарии байналмилалӣ қарор бигирад.

Мойкл Кирбӣ гуфтааст, ки садҳо тан аз мақомҳои кишварӣ ва лашкарии Куреи Шимолӣ метавонанд таҳти пайгарди байналмилалӣ қарор бигиранд ва ӯ аз Созмони Милали Муттаҳид хостааст, ки парвандаи Куреи Шимолиро ба девони кайфарии байналмилалӣ ироа кунад.

Матолиби муртабит