Баргузории маросими дувумин соли даргузашти раҳбари Куреи Шимолӣ

  • 17 Декабр, 2013
маросими дувумин соли фавти Ким Ҷунг-ил
Image caption Телевизиюни Куреи Шимолӣ ин маросимро ба таври зинда пахш мекунад

Куреи Шимолӣ маросими дувумин соли фавти Ким Ҷунг-ил, раҳбари собиқи ин кишвар, ки дар соли 2011 мелодӣ даргузаштро баргузор кардааст.

Ин маросим фақат чанд рӯз пас аз эъдоми Ҷанг Сунг-тик, шавҳари‌ аммаи Ким Ҷунг-ун, раҳбари феълии Куреи шимолӣ ки аз ӯ ба унвони дувумин мақоми қудратманди ҳукумат ёд мешуд, баргузор мешавад.

Ким Ҷунг-ун, ки писари сеюми Ким Ҷунг-ил аст, ба ҳамроҳи мақомҳои аршади ҳукумат дар ин маросим, ки дар Пиюнгёнг, пойтахт , баргузор мешавад, ҳузур доранд.

Телевизиюни давлатии Куреи Шимолӣ маросими рӯзи сешанберо ба таври зинда пахш мекунад.

Ким Юнг-нам , раиси ташрифотии давлат ба ҳамроҳи фармондеҳони артиш низ дар ин маросим дар канори Ким Ҷунг-ун дида мешаванд.

Ким Юнг-нам дар нутқаш гуфт: “Тамоми мардум ва сарбозони мо дар зарфи ду соли гузашта талош карда ва бо ҳифзи иззати раҳбари кабирам пирӯз шудаанд.”

Гуфта мешавад, ки Ҷанг Сунг-тик дар ду соли гузашта дар раванди интиқоли қудрат ба Ким Ҷунг-ун ва тасбити ҷойгоҳи ӯ нақши муҳимме ифо карда буд.

Бон Ки-мун, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, рӯзи душанбе ба эъдоми ин мақоми Куреи Шимолӣ вокуниш нишон дод ва аз раҳбарони кишварҳои ҳамсоя хост, ки дар ҳоле ки бадиққат таҳаввулоти Куреи Шимолиро дунбол мекунанд, аз иқдомоти шитобзада худдорӣ кунанд.

Image caption Ҷанг Сунг-тик дар нишасти ахири ҳизби ҳокими кумунист тавассути маъмуроне боздошт шуд

Куреи Ҷанубӣ дар пайи эъломи хабари эъдом нерӯҳои низомиашро ба ҳолати омодабош даровардааст.

Порк Ген-ҳйе, раиси ҷумҳурии Куреи Ҷанубӣ , пешбинӣ кардааст, ки равобити ду Куре бесубот шавад.

Ҷанг Сунг-тик дар нишасти ахири ҳизби ҳокими кумунист тавассути маъмуроне боздошт ва аз салони конфаронс берун бурда шуд.

Ӯ сипас дар як додгоҳи низомӣ ба ҷурми талош барои барандозӣ хоин эълом ва баъд тирборон шуд.

Барканорӣ ва эъдоми Ҷанг Сунг-тик муҳимтарин иттифоқи сиёсӣ дар Куреи Шимолӣ пас аз ба қудрат расидани Ким Ҷунг-ун ба ҷои падараш Ким Ҷунг-ил арзёбӣ мешавад.

Ҷанг Сунг-тик маъмулан дар канори Ким Ҷунг-ун, раҳбари Куреи шимолӣ дида мешуд ва бисёре ӯро қудрати аслӣ пушти сари раҳбарӣ медонистанд.

Ӯ аз соли 2011 муъовини кумиссиюни дифоъи миллӣ, болотарин ниҳоди низомии Куреи Шимолӣ шуда буд.

Ҷанг Сунг-тик, ки 67 сол дошт дар соли 1972 бо хоҳари Ким Ҷунг-ил, раҳбари собиқи Куреи Шимолӣ издивоҷ карда буд.

Онҳо аз ин издивоҷ як духтар доштанд, ки дар Порис донишҷӯ буд ва дар соли 2006 худкушӣ кард.

Матолиби муртабит