Куреи Шимолӣ: Ким Ҷунг Ун китоби Ҳитларро ҳадя надодааст

  • 19 Июн, 2013
Ким Ҷунг Ун
Image caption Ким Ҷунг Ун, сеюмин раҳбари маврусии ҳукумати куммунистии Куреи Шимолӣ аст

Куреи Шимолӣ ба шиддат аз интишори гузоришҳо мабнӣ бар ин ки Ким Ҷунг Ун, раҳбари ин кишвар дар ҷашни таваллудаш нусхаҳо аз китоби "Набарди ман" - и Одулф Ҳитларро ба мақомҳои Куреи Шимолӣ ҳадя дода, интиқод кардааст.

Ин гузориш дар ибтидо дар вебсойте, ки тавассути мухолифони давлати Куреи Шимолӣ, ки аз кишвар гурехтаанд, мунташир шуд ва дар он гуфта шуд, ки дар моҳи январ раҳбари Куреи Шимолӣ ин китобро ба мақомҳои Куреи Шимолӣ ҳадя додааст.

Вазорати амнияти мардумии Куреи Шимолӣ вокуниши хашмолуде нисбат ба ин гузориш нишон дода ва гуфтааст, ки паноҳандагони сиёсии фирорӣ аз суи Куреи Ҷанӯбӣ ва Омрико ба хидмат гирифта шудаанд.

Куреи Шимолӣ ин афродро "ҷарсумаи башарият" хонда ва таҳдид карда, ки онҳоро хоҳад кушт.

Одулф Ҳитлар китоби "Набарди ман" - ро дар соли 1924 ҳангоме ки дар зиндон буд, навишт. Ин китоб, ки ба забонҳои мухталифе тарҷума шуда, дар бораи солҳои аввалияи зиндагии Ҳитлар ва дидгоҳҳои нажодпарастонаи ӯст.

Гузориши мунташиршуда дар сойти мухолифон хотирнишон мекунад, ки Ким Ҷунг Ун бо таваҷҷуҳ ба бозсозии Олмон дар муддати замони кӯтоҳе тавассути Ҳитлер, дастур дода, ки даврони Райши (Рейх) сеюм мавриди мутолиаи амиқ қарор гирад ва роҳҳалҳои корбурдӣ аз он истихроҷ шавад.

Ду Куре ба таври расмӣ ҳанӯз дар ҷанг ба сар мебаранд ва алорағми оташбас паймони сулҳе миёни ду тараф ҳанӯз мунъақид нашудааст.

Ба дунболи озмоиши ҳастаии Куреи Шимолӣ равобити ду кишвар беш аз пеш муташанниҷ шудааст.

Аз солҳои 1950 ба ин су беш аз 20 ҳазор шаҳрванди Куреи Шимолӣ ба Куреи Ҷанӯбӣ гурехтаанд.

Куреи Шимолӣ ба шаҳрвандони худ дар мавриди авоқиби чунин коре ҳушдор дода ва фаъъолони мухолифи давлат мегӯянд, афроде, ки иқдом ба фирор мекунанд, дар сурати боздошт бо танбеҳҳое чун эъзом ба урдугоҳи кори иҷборӣ ва ҳатто эъдом рӯ ба рӯ ҳастанд.

Матолиби муртабит