Куреи Шимолӣ ду сакуи партоби мушак ба савоҳили шарқии худ мунтақил кардааст

  • 21 Апрел, 2013
Image caption Пеш аз ин интизор мерафт, ки озмоиши ҷадиди мушакии Куреи Шимолӣ ҳамзамон бо бузургдошти саду якумин солгарди Ким Ил Сунг, бунёдгузори он кишвар дар 15 апрел баргузор шавад

Мақомҳои Куреи Шимолӣ аз интиқоли ду сакуи дигари партоби мушак ба савоҳили шарқии он кишвар хабар додаанд.

Зоҳиран Куреи Шимолӣ дар садади тадоруки озмоиши мушакии ҷадиде дар ин минтақа аст.

Пеш аз ин интизор мерафт, ки озмоиши ҷадиди мушакии Куреи Шимолӣ ҳамзамон бо бузургдошти саду якумин солгарди Ким Ил Сунг, бунёдгузори он кишвар дар 15 апрел баргузор шавад.

Хабаргузории Юнҳоп ба нақл аз яке аз мақомоти аршади Куреи Ҷанубӣ эълом кард, ки артиши Куреи Шимолӣ ҳафтаи гузашта ду сакуи партоби мушакро, ки гуфта шуда мутаъаллиқ ба мушакҳои Искод аст ба устони Ҳомгюнги Ҷанубӣ мунтақил кардааст.

Пештар Куреи Шимолӣ гузориш кард, ки ҳафт сакуи партоби мушакро ба савоҳили шарқии худ интиқол додааст.

Яке аз сухангӯёни вазорати дифоъи Куреи Ҷанубӣ гуфтааст, ки эҳтимолан Куреи Шимолӣ аз мушакҳои кутоҳбурди Искод ё миёнбурди Мусудон ва ё баландбурди Рудунг дар озмоиши мушакии худ истифода хоҳад кард.

Ба нақл аз мақомоти низомии Куреи Ҷанубӣ гуфта шуда, ки эҳтимолан Куреи Шимолӣ озмоиши мушакии худро дар 25 моҳи ҷории мелодӣ анҷом хоҳад дод.

Мушакҳои миёнбурди Мусудон, ки аз онҳо ба унвони муҳтамилтарин мушакҳои мавриди озмоиш ном бурда мешавад, дорои бурде байни 2500 то 4000 килуметр ҳастанд. Бурди ин мушакҳо ба андозае аст, ки ба Куреи Ҷанубӣ, Жопун ва эҳтимолан марокизи низомии Омрико дар ҷазираи Гуом дар уқёнуси Ором хоҳад расид.

Куреи Шимолӣ ахиран Омрико ва Куреи Ҷанубиро ба ҳамлаи низомӣ таҳдид кардааст.

Дар ҳамин ҳол Борок Убомо, раиси ҷумҳури Омрико ҳафтаи гузашта зимни тардид нисбат ба тавонмандии Куреи Шимолӣ гуфт тасаввур намекунад, ки Куреи Шимолӣ бо мушакҳое бо кулоҳаки ҳастаӣ муҷаҳҳаз шуда бошад.

Матолиби муртабит