Воҳидҳои мушакии Куреи Шимолӣ барои 'ҳамла ба Омрико' ба ҳолати омодабош даромаданд

  • 29 Март, 2013
Image caption Ким дастури омодагӣ барои ҳамла ба Омрикоро дар ҷаласаи шабона бо фармондеҳони аршади низомӣ содир кард

Воҳидҳои мушакии Куреи Шимолӣ барои ҳамла ба хоки Омрико ба ҳолати омодабош даромадаанд.

Рӯзи ҷумъаи 29 март телевизиюни давлатии Куреи Шимолӣ гузориш кард, ки Ким Ҷунг Ун, раҳбари он кишвар, ба воҳидҳои мушакии худ дастур додааст ба манзури ҳамла ба хок ва манофеъи Иёлоти Муттаҳида ва Куреи Ҷанубӣ ба ҳолати омодабоши комил дароянд.

Бар асоси ин гузориш, дастури омодабоши воҳидҳои мушакӣ ҷиҳати ҳамла ба Омрико дар ҷараёни ҷаласаи раҳбари Куреи Шимолӣ ва фармондеҳони артиши он кишвар эълом шуд. Зоҳиран ин ҷаласаи шабона чанд соъат пас аз он гузориш шуд, ки як фарванд ҳавопаймои родоргурези омрикоӣ аз навъи Би-52 бо қобилияти ҳамли бумби атумӣ бар фарози хоки Куреи Ҷанубӣ ба парвоз даромад.

Ба гузориши хабаргузории расмии Куреи Шимолӣ дар дастури Ким Ҷунг Ун омадааст, ки дар сурати бурузи "ҳар гуна иқдоми таҳрикомез" аз сӯйи Иёлоти Муттаҳида, нерӯҳои Куреи Шимолӣ бояд "бераҳмона хоки аслии Иёлоти Муттаҳида ва пойгоҳҳои низомии он кишвар дар уқёнуси Ором, аз ҷумла Ҳовоӣ ва Гуом ва Куреи Ҷанубӣ ҳамла ва онҳоро нобуд кунанд."

Image caption Дар мавриди тавоноии Куреи Шимолӣ дар ба иҷро гузоштани таҳдидҳои низомии он кишвар тардиди ҷиддӣ вуҷуд дорад

Раҳбари Куреи Шимолӣ афзудааст, ки "замони тасфияҳисоби ниҳоӣ бо империолистҳои омрикоӣ фаро расида" ва гуфтааст, ки парвози ҳавопаймои Би-52 бар фарози хоки Куреи Ҷанубӣ "аз ҳадди намоиши қудрат фаротар рафт ва ба манзалаи он аст, ки омрикоиҳо барои оғози ҷанги ҳастаӣ ба ҳар қимате, ки тамом шавад, омода шудаанд."

Ҳамзамон бо интишори хабари дастури Ким Ҷунг Ун, коршиносони низомӣ дар Куреи Ҷанубӣ, ки таҳаррукоти марзӣ дар Куреи Шимолиро зери назар доранд, гузориш карданд, ки дар рӯзҳои ахир шоҳиди ҷобаҷоӣ ва эъзоми нерӯ ҷиҳати тақвияти воҳидҳои мустақар дар навоҳии марзӣ будаанд.

Вазорати дифоъи Куреи Ҷанубӣ аз таъйид ё такзиби ин гузоришҳо худдорӣ варзида ва гуфтааст, ки артишҳои Куреи Ҷанубӣ ва Омрико фақат "марокизи истротежики" Куреи Шимолиро зери назар доранд ва дар ин замина низ изҳори назаре намекунанд.

Парвози ҳавопаймои Би-52 бар фарози хоки Куреи Ҷанубӣ бахше аз монуври муштараки Иёлоти Муттаҳида ва Куреи Ҷанубӣ буд ва дар ҳоле ба иҷро гузошта шуд, ки мақомоти Куреи Шимолӣ иҷрои ин монуври муштаракро ҳадафи ҳамалоти лафзии шадид қарор дода ва Иёлоти Муттаҳида ва Куреи Ҷанубиро ба вокуниши шадиди низомӣ таҳдид карда буданд.

.

Матолиби муртабит