"Куреи Шимолӣ барои озмоиши мушакӣ омода мешавад"

  • 11 Апрел, 2013

Куреи Ҷанубӣ барои муқобила бо озмоиши мушакии эҳтимолии Куреи Шимолӣ мизони омодабоши нерӯҳои худро ба сатҳи муқобила бо "хатари ҳаётӣ" афзоиш додааст.

Ҳамазамон Чок Ҳейгл, вазири дифоъи Омрико ба Куреи Шимолӣ ҳушдор дода, ки машғули "искейт кардани бисёр наздик дар канори як хатти хатарнок аст."

Омрико ва Куреи Ҷанубӣ мегӯянд, ки артиши Куреи Шимолӣ ҳадди ақал як мушак бо бурди тақрибии 3000 килуметрро омодаи партоб кардааст.

Куреи Шимолӣ дар зарфи чанд ҳафтаи гузашта Куреи Ҷанубӣ ва Иёлати Муттаҳидаро ба ҳамлаи низомӣ аз ҷумла бо бумби атумӣ таҳдид кардааст. Раҳбарии Куреи Шимолӣ мегӯяд, ки Омрико ва Куреи Ҷанубӣ қасди таҳоҷум ба ин кишварро доранд.

Гуфта мешавад, ки мароҳили муқаддамотӣ барои озмоиши мушаки болистики "Мусудон"-и Куреи Шимолӣ дар шарқи ин кишвар анҷом шудааст.

Ин мушак метавонад, ки илова бар Куреи Ҷанубӣ, Жопун ва пойгоҳҳои низомии Омрико дар ҷазираи Гуом, воқеъ дар уқёнуси Оромро ҳадаф қарор бидиҳад.

Куреи Шимолӣ дар соли 2010 дар як рижеи низомӣ ин мушакро ба дунё нишон дода буд, аммо ҳанӯз онро озмоиш накардааст.