Ҷангандаҳои родоргурези омрикоӣ ба нимҷазираи Куре мераванд

  • 1 Апрел, 2013

Иёлоти Муттаҳида мегӯяд, ки рӯзи 1 апрел (12 фарвардин) ҷетҳои родоргурези Эф-22-и худро барои анҷоми монуври низомии муштарак роҳии Куреи Ҷанубӣ мекунад.

Омрико ҳафтаи гузашта низ бумбафканҳои родоргурези Бӣ-52-и худро ба нимҷазираи Куре фиристода буд.

Ин иқдом дар ҳоле сурат мегирад, ки таниши миёни ду Куре башиддат боло рафта ва Куреи Шимолӣ аз рӯзи шанбе эълом карда, ки дар вазъияти ҷангӣ бо ҳамсояи ҷанубии худ ба сар мебарад.

Даври ҷадиди таҳримҳои Шӯрои Амнияти Созмони Милал ва ҳамчунин монуврҳои низомии муштараки Куреи Ҷанубӣ ва Иёлоти Муттаҳида хашми Куреи Шимолиро барангехтааст.

Куреи Шимолӣ дар рӯзҳои гузашта бадафаъот таҳдид карда, ки ба иқдоми низомӣ алайҳи Куреи Ҷанубӣ ва Омрико даст хоҳад зад.

Фармондеҳии нерӯҳои омрикоӣ дар Куреи Ҷанубӣ дар баёнияие гуфта: "(Куреи Шимолӣ) бо таҳдиду таҳрикҳое, ки танҳо инзивои бештар барояш меоварад ва талошҳои байналмилалӣ барои барқарории сулҳу субот дар шарқи Осиёро бесамар мекунад, чизе ба даст нахоҳад овард."

Ағлаби таҳлилгарон мегӯянд баъид аст Куреи Шимолӣ мухотираи як ҷанги тамом айёрро напазирад. Бо ин вуҷуд дар солҳои ахир даргириҳои маргборе байни ду Куре рух додааст.

Нимҷазираи Куре аз соли 1910 то поёни ҷанги ҷаҳонии дувум ҳокимияти имперотурии Жопун буд ва пас аз поёни ҷанг нимаи шимолӣ таҳти нуфузи Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии собиқ ва нимаи ҷанубӣ таҳти нуфузи Иёлоти Муттаҳидаи Омрико қарор гирифт.

Нотавонӣ дар баргузории интихобот ва ташкили давлати саросарӣ ба ду пора шудани Куре ва саранҷом бурузи ҷанг дар соли 1950 мунҷар шуд. Аз он пас таниши миёни Куреи Шимолӣ ва Куреи Ҷанубӣ ҳар аз гоҳе боло мегирад.

Матолиби муртабит