Ҷон Керӣ “ҷиддияти” Чин дар ҳалли бӯҳрони Куреи Шимолиро сутуд

  • 14 Апрел, 2013
Вазири хориҷаи Омрико
Image caption Вазири хориҷаи Омрико рӯзи якшанбе озими Жопун мешавад.

Ҷон Керӣ, вазири хориҷаи Омрико мегӯяд, Чин дар кумак ба бартараф шудани таниш бар сари барномаи ҳастаии Куреи Шимолӣ “бисёр ҷиддист”.

Пештар Чин ва Омрико эълом карданд, қасд доранд бо ҳамкории якдигар нимҷазираи Куреро “орӣ аз силоҳҳои ҳастаӣ” кунанд.

Дар ҳамин робита Ҷон Керӣ, вазири хориҷаи Омрико гуфт, ки ду кишвар мувофиқат карданд, то дар мавриди иттихози иқдомоте дар ин бора гуфтугӯҳои бештаре анҷом диҳанд бо ин ҳадаф, ки ҳарчи зудтар роҳи расидан ба ин мақсад мушаххас шавад.

Масъули сиёсати хориҷии Чин ҳам гуфтааст, ки бӯҳрони Куреи Шимолӣ бояд аз тариқи гуфтугӯ ва ба равиши сулҳомез ҳаллу фасл шавад.

Ин дар ҳолест, ки Омрико то тавофуқи фаъъолиятҳои ҳастаӣ аз сӯйи Куреи Шимолӣ бо ҳар гуна мезокирае бо он кишвар мухолиф аст.

Куреи Шимолӣ ахиран дар посух ба таҳримҳо алайҳи кишвараш ва ҳамчунин монуври низомии муштараки Омрико бо Куреи Ҷанубӣ, ин ду кишварро ба ҷанг таҳдид кардааст.

Дар пайи интиқоли ду мушаки дурбурди Мусудони Куреи Шимолӣ ба соҳили шарқии кишвар тардидҳое низ дар хусуси эҳтимоли омода шудани Пюнгёнг барои шиллики мушаҳ матраҳ шуда буд.

Оқои Керӣ гуфтааст, ҳар иқдоме дар ин ҷиҳат “иштибоҳи бузург” хоҳад буд.

Рӯзи шанбе дар пайи як рӯзи мулоқот дар пекан бо раиси ҷумҳурӣ ва соири мақомоти олирутбаи Чин, Ҷон Керӣ гуфт ҳар ду давлат аз Куреи Шимолӣ хостаанд аз ҳар гуна иқдоми таҳрикомезе бипарҳезад, иқдоме ки бидуни тардид ба шиллики мушак ишора мекунад.

Ёнг Жи Чӣ, олирутбатарин диплумоти Чин дар пайи изҳороти Керӣ гуфт мавзеъи кишвараш возеҳ ва равшан аст: “Чин қотеъона ба ҳифзи сулҳ ва субот ва расидан ба минтақае холӣ аз таслиҳоти ҳастаӣ мутаъаҳҳид аст.”

Оқои Жи Чӣ афзуд бӯҳрони Куре бояд “аз тариқи мусолиматомез ва бо гуфтугӯ” ҳал шавад.

Вазири хориҷаи ОМрико ба хабарнигорон гуфт, ки авохири моҳи ҷории мелодӣ Мартин Демпсӣ, раиси ситоди муштараки артиши Омрико ҳамроҳ бо мақомоти иттилоъотӣ ба Пекан хоҳанд рафт.

Оқои Керӣ гуфт, мехоҳад мутмаъин шавад, ки мавзеъи рӯзи шанбе Чин фақат “ҳарф” нест ва афзуд: “Шахсан ҳеҷ тариде надорам, ки Чин дар бораи орӣ кардани нимҷазираи Куре аз таслиҳоти ҳастаӣ бисёр бисёр ҷиддист.”

Чин танҳо муттаҳиди Куреи Шимолӣ ва шарики тиҷории умдаи ин кишвар аст, аммо рӯз ба рӯз хусуматварзиҳои ин кишвар бештар мешавад.

Бо ин ҳама Дамин Громотикос, хабарнигори Би-би-сӣ аз Пекан мегӯяд розӣ кардани Чин барои афзоиши фишор бар Куреи Шимолӣ кори содае нахоҳад буд.

Ба гуфтаи хабарнигори Би-би-сӣ Чин ҳанӯз шоҳраги ҳаётии Куреи Шимолӣ аст ва баъид аст Пекан ин кумакҳои асосии ғизо ва сухт ба ин кишварро қатъ кунад, чаро ки аз назари Чин чунин коре Куреи Шимолиро ғайриқобилипешбинӣ хоҳад кард.

Вазири хориҷаи Омрико рӯзи якшанбе озими Жопун мешавад.

Матолиби муртабит