Куреи Шимолӣ аз хориҷиён хост 'омодаи тахлияи Куреи Ҷанубӣ' бошанд

Куреи Шимолӣ зимни қатъи комили ҳамкории тавлидӣ бо Куреи Ҷанубӣ, ба хориҷиёни сокини Куреи Ҷанубӣ ҳушдор додааст омодаи "тахлияи" он кишвар бошанд.
Рӯзи сешанбеи 9 апрел, хабаргузории расмии Куреи Шимолӣ матни иттилоъияи ниҳодии мавсум ба "Кумитаи Осиё ва уқёнуси Ором"-ро мунташир кард, ки дар он ба хориҷиёни муқими Куреи Ҷанубӣ ҳушдор додааст, ки дар сурати бурузи ҷанг дар минтақа идомаи ҳузур дар Куреи Ҷанубӣ метавонад ба онон осеб бирасонад.
Дар ин иттилоъия омадааст, ки "ба тамомии созмонҳо, ширкатҳо ва ҷаҳонгардони хориҷӣ дар Куреи Ҷанубӣ эълом мешавад, ки бояд тамҳидоти (банду басти) лозим барои тахлияи он кишварро фавран мавриди баррасӣ қарор диҳанд."
Ин хабаргузорӣ ҳамчунин изҳороти Ким Ёнг Гун, дабири кумитаи марказии ҳизби коргарони ҷумҳурии демукротики Куре, ҳизби ҳоким бар он кишварро мунташир карда, ки дар он омадааст, ки тамомии шаҳрвандони Куреи Шимолии шоғил дар минтақаи санъатии муштарак бо Куреи Ҷанубӣ аз ин минтақа "тахлия шудаанд".
Ким Бонг Гун мақомоти давлатии Куреи Ҷанубӣ ва "бахусус муҳофизакорон" дар он кишварро муттаҳам кардааст, ки бо ҳамкории Иёлоти Муттаҳида ба иқдомоте ҷиҳати заминасозии оғози ҷанг алайҳи Куреи Шимолӣ даст задаанд.
Дабири кулли ҳизби коргарони Куре гуфтааст, ки "ҷангафрӯзони Куреи Ҷанубӣ" ҳушдорҳои мукаррари Куреи Шимолиро нодида гирифта ва ба иҳонат ба шарофати халқи Куре идома медиҳанд ва батартиб мушаххас кардаанд, ки дар назар доранд муҷтамаъи санъатиро ба маҳалле барои оғози ҷанг алайҳи Куреи Шимолӣ табдил кунанд.
Вай бо ибрози таассуф аз ин ки муҷтамаъи санъатии Кисунг, ки "мебоист дар хидмати тафоҳум, иттиҳод, сулҳ ва ваҳдати миллӣ бошад ба ҷабҳаи рӯёрӯии байни ҳамватанон ва ҷанг алайҳи шимол табдил шуда" афзудааст, ки дар шароити кунунӣ ин таъсисот "ба чизе камтар аз ҳеҷ" мубаддал шуда ва дар натиҷа иттихози тадобире дар ин замина зарурат ёфтааст.
Ин тадобир шомили хуруҷи тамомии коркунони Куреи Шимолӣ аз ин минтақа ва таълиқи муваққати фаъолияти он аст, то дар ин фурсат Куреи Шимолӣ битавонад ин мавзеъро баррасӣ кунад, ки оё "ҷангафрӯзони" Куреи Ҷанубӣ дар садад баромадаанд, ки аз он ба унвони марказе барои ҷангафрӯзӣ истифода кунанд ё на.
Ин иттилоъия зоҳиран дар талош барои водор кардаи мақомоти Куреи Ҷанубӣ ба пазириши хостаҳои Куреи Шимолӣ бо ин ҷумалот поён меёбад, ки "чигунагии таҳаввулот дар рӯзҳои оянда ба таври комил ба рӯйкарди мақомоти Куреи Ҷанубӣ бастагӣ дорад."
Дар рӯзҳои ахир низомиёни Куреи Шимолӣ монеъ аз вуруди шаҳрвандони Куреи Ҷанубии шоғил дар муҷтамаъи Кисунг шуданд.
Муҷтамаъи санъатии Кисунг, ки дар соли 2004 роҳандозӣ шуд, бо ҳимояти давлати Куреи Ҷанубӣ ва ба манзури фароҳам кардани заминаи иштиғол барои нерӯи кори Куреи Шимолӣ таъсис шуда ва беш аз яксад ширкати Куреи Ҷанубӣ дар он сармоягузорӣ кардаанд.
Шумори шаҳрвандони Куреи Шимолии шоғил дар ин муҷтамаъ ба беш аз панҷоҳ ҳазор нафар мерасад ва аз ин тариқ солона ҳудуди 90 милюн дулор арзи хориҷӣ насиби Куреи Шимолӣ мешавад.
