Эъломи нигаронии Бон Ки-мун аз табаъоти буҳрони Куреи Шимолӣ

Бон Ки-мун, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, аз Куреи Шимолӣ хост рӯйкарди худро тағйир диҳад ва ҳушдор дод, ки ин кишвар дар мавзеъгириҳояш "зиёда аз ҳад тунд рафтааст."
Оқои Бон гуфт нигарони ин аст, ки ҳар "буҳрони нохостае" дар нимҷазираи Куре метавонад "табаъоте бисёр ҷиддӣ" дошта бошад.
Ҳушдори Бон Ки-мун дар пайи он сурат гирифта, ки вазири хориҷаи Куреи Ҷанубӣ аз тағйири маҳалли мушакҳои "бо бурди қобили таваҷҷуҳи" Куреи Шимолӣ ба соҳили шарқии ин кишвар хабар дод.
Пештар Куреи Шимолӣ таҳдиди худ мабнӣ бар ҳамлаи ҳастаӣ ба Омрикоро такрор кард.
Ин дар ҳолест, ки ба бовари умумӣ мушакҳои Куреи Шимолӣ тавони ҳамли кулоҳакҳои ҳастаиро надоранд.
Ҷей Корнӣ, сухангӯйи Кохи Сафед, таҳдидҳои Куреи Шимолиро "қобили таассуф, аммо ошно" хонда ва гуфта Омрико "тамоми тадобири эҳтиётии лозим"-ро пеш гирифтааст.
Бон Ки-мун дар конфронсе хабарӣ дар Модрид гуфт "таҳдиди ҳамлаи ҳастаӣ бозӣ нест; бисёр ҷиддӣ аст, ба назари ман Куреи Шимолӣ дар раҷазхониҳояш зиёдаравӣ кардааст."
Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид аз тамоми тарафҳои даргир дар буҳрони нимҷазираи Куре хост "шароитро ором кунанд ва машғули гуфтугӯ шаванд."
Дар ҳамин ҳол Русия бо интиқод аз Куреи Шимолӣ гуфтааст талошҳои ин кишвар барои нақзи тасмимоти Шӯрои Амнияти Созмони Милал ғайриқобили қабул аст.
Александр Лукашевич, сухангӯйи вазорати умури хориҷаи Русия, гуфтааст, ки иқдоми Куреи Шимолӣ агар имкони эҳёи музокироти шашҷонибаро амалан мунтафӣ накунад, шароити гуфтугӯро бисёр душвор мекунад.
Охирин даври ин музокирот дар соли 2008 миёни Куреи Шимолӣ, Куреи Ҷанубӣ, Русия, Чин, Жопун ва Омрико баргузор шуд.
Ҳамсоягони нигарон
Жопун гукфтааст иқдомоти ояндаи Куреи Шимолиро бо ҳамкории наздик бо Омрико ва Куреи Ҷанубӣ дунбол мекунад.
Пушиҳида Суго, сухангӯйи давлати Жопун, ба хабарнигорон гуфта кишвараш барои "бадтарин сенорию" омода аст.
Омрико дар посухи таҳдидҳои Куреи Шимолӣ бо густариши сипари дифоъи мушакии худ онро дар ҷазираи Гуом дар уқёнуси Ором мустақар кардааст.
Пентогун гуфта сипари дифоъиаш дар Гуом зарфи чанд ҳафтаи оянда омода хоҳад буд ва киштиҳои ҷангии ин кишвар низ ҳамин ҳоло дар обҳои минтақа мустақар шудаанд.
Дар ҳафтаҳои гузашта Куреи Шимолӣ пойгоҳҳои низомӣ дар ҷазираи Гуом ва низ иёлати Ҳовоиро ба унвони аҳдофи эҳтимолии ҳамлаи худ зикр кардааст.
Гузоришҳо аз Жопун ва Куреи Ҷанубӣ ҳокӣ аз он буда, ки рӯзи чаҳоршанбе мушакҳои мунтақилшудаи Куреи Шимолӣ дурбурданд ва қобилияти ҳадаф қарор додани савоҳили ғарбии Омрикоро доранд.
Бо ин ҳама коршиносон муътақиданд пурқудраттарин мушаки Куреи Шимолӣ, ки декабри соли гузашта озмоиш шуд, бурди 6000килуметрӣ дорад ва наметавонад фаротар аз Олоскоро ҳадаф қарор диҳад.
Ким Куон Ҷин, вазири хориҷаи Куреи Ҷанубӣ, имкони ҳадаф қарор гирифтани Омрикоро бисёр кам дониста ва гуфт ҳадафи Куреи Шимолӣ аз интиқоли мушак мушаххас нест ва наметавон гуфт, ки он кишвар мехоҳад Иёлоти Муттаҳидаи Омрикоро ҳадаф қарор диҳад.
.
