Куреи Шимолӣ нерӯгоҳи атумии таътилшударо 'бозгӯшоӣ' мекунад

Куреи Шимолӣ мегӯяд, ки қасд дорад яке аз нерӯгоҳҳои атумии таътилшудаи худ дар Юнгбюн (Ёнбун)-ро дубора роҳандозӣ кунад.
Ин нерӯгоҳ дар соли 2007 дар тавофуқе байналмилалӣ аз сӯйи Куреи Шимолӣ таътил шуда буд.
Дар баёнияе, ки давлати Куреи Шимолӣ мунташир кардааст, омадааст, ки ин иқдом "қудрати ҳастаии Куреи Шимолиро аз назари кайфиву камӣ тақвият мекунад.
Ин тозатарин иқдоми Пюнгёнг (Пхенян) дар пайи озмоишҳои ҳастаиаш дар моҳи феврал аст.
Рӯзи гузашта порлумони Куреи Шимолӣ аз тарҳҳои марбут ба тақвияти барномаи силоҳҳои ҳастаӣ дар бахши дифоъии кишвар ҳимоят карда буд.
Хабаргузори расмии Куреи Шимолӣ гузориш дод, ки дар ҷаласаи рӯзи душанбе маҷмаъ бо аксарияти қотеъ ба таваҷҷуҳи бештар ба барномаи силоҳҳои ҳастаӣ раъй додааст.
Бино ба мусаввабаи онҳо силоҳҳои ҳастаӣ "василаи дифоъ" ҳастанд, ки дар замони "ҳамалоти маргбор" аз онҳо истифода хоҳад шуд.
Фаъъолиятҳои ахири ҳастаии ин кишвар бо вокуниши шадиди Созмони Милал, кишварҳои ғарбӣ ва Куреи Ҷанубӣ рӯбарӯ будааст.
Куреи Шимолӣ ба Куреи Ҷанубӣ эъломи " вазъияти ҷангӣ" кардааст. Куреи Ҷанубӣ ҳам гуфта, ки дар сурати ҳар таъаррузе аз сӯйи ҳамсояи шимолӣ ба он "посухе маҳкам" хоҳанд дод.
Порк ГеунҲе , раиси ҷумҳури Куреи Ҷанубӣ бар ҳаққи кишвараш барои вокуниш ба ҳар иқдоми таҳоҷумӣ тавассути ҳамсояи шимолӣ таъкид кард. Ӯ гуфт: "Агар ҳар навъ таҳрикоте алайҳи мардуми мо рух диҳад, мардум, кишвар ва низомиёни мо басуръат ва қудрат ва бидуни мулоҳизоти сиёсӣ вокуниш нишон диҳанд."
Куреи Шимолӣ аз таҳримҳои Созмони Милал, ки ба дунболи озмоиши ҳастаии ин кишвар дар моҳи феврал вазъ шуда, нохушнуд аст.
Ин кишвар ҳамчунин ба монуври низомии муштараке, ки Куреи Ҷанубӣ бо Омрико баргузор карданд, шадидан муътариз аст.
Ҳафтаи гузашта ду бумбафкани родоргурези Бӣ-2-и нерӯи ҳавоии Омрико, ки қобилияти ҳамли бумбҳои ҳастаиро доранд, дар чаҳорчӯби озмоиши муштараке бо Куреи Ҷанубӣ дар 80-килуметрии хатти оташбас иқдом ба амалиёт карданд.
Омрико мегӯяд ба вокуниш ба таҳрикоти хасмонаи Куреи Шимолӣ идома хоҳад дод.
