Омрико аз худ ва муттаҳидонаш дар баробари Куреи Шимолӣ 'дифоъ мекунад'

  • 3 Апрел, 2013
Image caption Куреи Шимолӣ аз монуврҳои солонаи Омрико ва Куреи Ҷанубӣ хашмгин аст

Омрико аз худ ва муттаҳидонаш дар баробари таҳдидоти Куреи Шимолӣ дифоъ хоҳад кард.

Ҷон Керӣ, вазири хориҷаи Омрико, дар посух ба таҳдидоти Куреи Шимолӣ дар як конфронси хабарӣ дар Куреи Ҷанубӣ гуфт кишвараш аз Куреи Ҷанубӣ, ки муттаҳиди паймонии Омрикост, дар муқобили Куреи Шимолӣ дифоъ мекунад.

Куреи Шимолӣ, ки дар моҳи феврал севумин озмоиши ҳастаии худро анҷом дода, аз таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид ва монуврҳои солонаи Омрико ва Куреи Ҷанубӣ хашмгин аст.

Оқои Керӣ тозатарин таҳдидоти давлати Куреи Шимолиро "ғайриқобили қабул" хондааст.

Пештар вазорати дифоъи Омрико гуфта буд ду мушаки замин ба ҳаво "ба манзури муқобила бо таҳдидоти мушакӣ" алайҳи Омрико ё муттаҳидонаш дар минтақа мустақар шудаанд.

Рӯзи сешанбе Пюнгёнг эълом кард мехоҳад кор дар муҷтамаъи ҳастаии Юнгбюнро аз сар бигирад.

"Буҳроне, ки аз ҳад гузаштааст"

Дар ҳамин ҳол, Бон Ки-мун, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, гуфт буҳрони Куреи Шимолӣ "аз ҳад гузаштааст".

Гуфтаҳои дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид пас аз он сурат гирифт, ки Пюнгёнг эълом кард қасд дорад кор дар маҷмӯъаи ҳастаии аслии Юнгбюнро аз сар бигирад

Оқои Бон Ки-мун, ки дар конфронсе хабарӣ сухан мегуфт, хоҳони музокираи фаврӣ бо Куреи Шимолӣ шуд.

Куреи Шимолӣ аз тасвиби таҳримҳои Созмони Милал ва размоиши низомии муштараки Омрико ва Куреи Ҷанубӣ ба хашм омадааст.

Оқои Бон Ки-мун гуфт "бояд авзоъ ором гирад. Ниёзе нест Куреи Шимолӣ худро бо ҷомеъаи байналмилалӣ дар ҳолати рӯёрӯӣ бубинад. Таҳдидҳои ҳастаӣ бозӣ нестанд."

Пештар сухангӯйи вазорати хориҷаи Куреи Ҷанубӣ гуфт "агар ҳақиқатан Куреи Шимолӣ дар пайи фаъъол кардани дубораи реоктуре бошад, ки барои шаш сол канор гузошта буд, ҷойи таассуфи фаровон аст."

Ҳунг Лӣ, сухангӯйи вазорати хориҷаи Чин, хостори хештандории ҳамаи тарафҳо барои ҳалли ин вазъияти "печида ва ҳассос" шуд.

Чанд ҳафта таҳдидҳои лафзӣ ва тақрибан ҳаррӯзаи Куреи Шимолӣ танишро дар нимҷазираи Куре ба болотарин ҳади худ дар чанд соли ахир расонадааст.

Сеул ва Иёлоти Муттаҳида ҳушдор додаанд, ки посухи ҳар таҳрики низомӣ "сареъу сахт" хоҳад буд.

Ҷей Корнӣ, сухангӯйи Кохи Сафед, гуфт тасмим барои бозгушоии реоктури Юнгбюн "нишонаи дигаре" аз нақзи таъаҳҳудоти байналмилалӣ аз сӯйи Куреи Шимолӣ аст.

Иёлоти Муттаҳида аз Чин ва Русия хост бар рӯйи Пюнгёнг (Пхенян) фишор биоваранд, то тасмими худро дар бораи Юнгбюн тағйир диҳад.

Дар ҳамин ҳол, вазорати хориҷаи Русия дар бораи боло гирифтани таниш дар нимҷазираи Куре ҳушдор додааст.

Григорий Логовинов, сухангӯйи вазорати хориҷаи Русия гуфт: "Ҳадафи аслӣ парҳез аз сенориюи тақобули низомӣ аст. Қобили қабул нест, ки вазъияти кунунӣ дар нимҷазираи Куре баҳонае барои дастёбии қудрате ба аҳдофи низомӣ ва сиёсиаш шавад."

Лусӣ Вилёмсун, хабарнигори Би-би-сӣ дар Сеул, гуфт Юнгбюн дар гузашта аҳруми фишори муассире дар дасти Куреи Шимолӣ будааст.

Ин маҷмӯъа ба Пюнгёнг ин имконро медиҳад, ки ба ду шева бумби ҳастаӣ бисозад: таъсисоти ғанисозии урониюм ва реоктури ҳастаӣ, ки сӯхти масрафшудаи он метавонад ба плутуниюм табдил шавад.

Матолиби муртабит