Куреи Шимолӣ ба артиши худ муҷаввизи истифода аз силоҳи ҳастаӣ дод

  • 4 Апрел, 2013
Image caption Новшикани Ю-эс-эси Ҷон Маккейн, ки тавоноии раҳгирии новҳоро дорад, дар нимҷазираи Куре ҷо гирифтааст

Куреи Шимолӣ мегӯяд ба нерӯҳои низомии худ ин муҷаввизро дода, ки дар сурати лузум қавои низомии Омрикоро ҳадаф қарор диҳанд ва ҳатто силоҳи ҳастаӣ истифода кунанд.

Ситоди артиши ин кишвар ҳам эълом карда омодаи иқдоми "бераҳмона" дар посух ба таҳдидоти "ғаримасъулонаи" Вошингтун аст. Вазорати дифоъи Омрико ин изҳоротро маҳкум карда ва онҳоро охирин ҷумла аз як силсила баёнияҳои таҳрикомез донистааст.

Пентогун эълом кард пас аз таҳдидҳои ахири Куреи Шимолӣ дар иқдоме эҳтиётӣ Омрико системи пешрафтаи мушакии худро ба ҷазираи Гуом дар уқёнуси Ором мунтақил мекунад.

Вазорати дифоъи Омрико гуфтааст тайи чанд ҳафтаи оянда системи Дифоъии Баландиртифоъи Поёнии Мушаки Болистик (THAAD)-ро ба ин ҷазира гусел хоҳад кард.

Куреи Шимолӣ пас аз вазъи таҳримҳои тозаи Созмони Милали Муттаҳид ва размоиши низомии муштараки Омрико ва Куреи Ҷанубӣ лаҳне хасмона ва монанди замони ҷанг ба кор гирифтааст.

Системи THAAD дарбардорандаи комюнҳои партобкунандаи мушак, мушакҳои раҳгир ва родорҳои Эй-эн/Ти-пи-вой 2 ва низ системи кунтрули оташ аст.

"Хатари воқеъӣ ва рӯшан"

Пентогун бо судури баёнияе эълом кард "дар иқдоме эҳтиётӣ барои тақвияти вазъияти дифоъии минтақа дар баробари таҳдиди мушаки болистики минтақавии Куреи Шимолӣ" системи мушакии худро ба Гуом мунтақил хоҳад кард.

Дар ин баёния омадааст "Иёлоти Муттаҳида дар баробари таҳрикҳои Куреи Шимолӣ гӯш ба занг ва омода хоҳад буд, то аз марзҳои Омрико, муттаҳидони мо ва манофеъи миллимон дифоъ кунад."

Дар ҳафтаи гузашта Куреи Шимолӣ пойгоҳҳои низомӣ дар ҷазираи Гуом дар дохили марзҳои Омрико ва низ иёлати Ҳовоиро ба унвони аҳдофи эҳтимолии ҳамлаи худ зикр кардааст.

Чок Ҳейгл, вазири дифоъи Омрико, дар нахустин суханронии аслии худ, пас аз интихоб ба ин симат, дар рӯзи чаҳоршанбе гуфт: "Бархе иқдомоти Куреи Шимолӣ дар ҳафтаҳои ахир нишондиҳандаи хатаре воқеъӣ ва рӯшан аст."

Вай афзуд Пюнгёнг манофеъи Куреи Ҷанубӣ ва Жопунро низ таҳдид кардааст.

Зоҳиран Куреи Шимолӣ аз тасвиби таҳримҳои тоза дар Созмони Милал ба далели озмоиши ҳастаиаш асабонӣ шудааст. Пюнгёнг забони хасмонаи худро дар гармогарми размоиши низомии Омрико ва Куреи Ҷанубӣ тезтар кард.

Омрико тайи муддати ахир шуморе ҷангандаи зиддиродори пешрафта ва бумбафканҳои Би-52 бо тавоноии ҳастаӣ ба Куреи Ҷанубӣ фиристодааст.

Ҳамчунин мақомоти расмӣ таъйид кардаанд, ки новшикан Ю-эс-эси Ҷон Маккейн, ки тавоноии раҳгирии новҳоро дорад, дар нимҷазираи Куре ҷо гирифтааст.

Новшикани дувуми Ю-эс-эс Дикотур низ ба минтақа фиристода шудааст.

Рӯзи сешанбе Ҷон Керӣ, вазири умури хориҷаи Омрико, иқдомҳои ахири Куреи Шимолиро "хатарнок ва ғайримасъулона" хонд.

Чин, танҳо муттаҳиди қудратманди Куреи Шимолӣ, гуфтааст рӯзи сешанбе мақомоти расмиро маъмур карда, то бо сафирони кишварҳои Куреи Шимолӣ, Куреи Ҷанубӣ ва Омрико музокира кунанд.

Баёнияи Пентогун чанд соъат пас аз он содир шуд, ки Куреи Шимолӣ гузаргоҳи марзии мавриди истифодаи шаҳрвандони Куреи Ҷанубӣ барои кор дар минтақаи санъатиро баст. Аз соли 2009 то кунун ин нахустин боре аст, ки ин марзҳо баста мешаванд.

Марзи минтақаи санъатии Кисунг вопасин марзи қобили истифода барои гузор миёни ду Куре аст ва ин маҷмӯъи санъатӣ низ вопасин нумоди муҳимми ҳамкории миёни ду кишвар ба шумор меравад.

Кисунг манбаъи даромади муҳимме барои Куреи Шимолӣ аст ва ҳанӯз маълум нест марз то чи муддате баста хоҳад монд.

Матолиби муртабит