Куреи Шимолӣ монеъи вуруди коргарони Куреи Ҷанубӣ ба хокаш шуд

  • 3 Апрел, 2013
Image caption Минтақаи Кисунг, ки дар хоки Куреи Шимолӣ қарор дорад, маҳалли даромадзоии хубе барои ин кишвар аст

Бо афзоиши таниш дар нимҷазираи Куре, Куреи Шимолӣ монеъи вуруди коргарони Куреи Ҷанубӣ ба минтақаи санъатии муштараки миёни ду кишвар шудааст.

Вазири иттиҳоди Куреи Ҷанубӣ гуфтааст, ки коргарони ин кишвар тавонистаанд аз маҷмӯъаи санъатии Кисунг хориҷ шаванд, аммо ба онҳо иҷозаи вуруд дода нашудааст.

Минтақаи Кисунг, ки дар хоки Куреи Шимолӣ қарор дорад, маҳалли даромадзоии хубе барои ин кишвар аст. Даҳҳо корхона ва садҳо шаҳрванди Куреи Ҷанубӣ дар он фаъъолият доранд ва умуман меъёри хубе барои санҷиши робитаи миёни ду Куре будааст.

Дар ин минтақаи санъатӣ, ки аз соли 2002 шурӯъ ба кор кард, беш аз 100 корхонаи Куреи Ҷанубӣ фаъъолият доранд ва ҳамчунин беш аз 50 ҳазор коргари Куреи Шимолӣ дар он машғул ба кор ҳастанд.

Садҳо коргар ва мудири санъатии аҳли Куреи Ҷанубӣ низ дар онҷо кор мекунанд, ки маҷбуранд барои гузар аз марз ва ворид шудан ба хоки Куреи Шимолӣ ҳар рӯз иҷозаи вуруд бигиранд.

Ким Ҳунг Сеук, сухангӯйи вазорати иттиҳоди Куреи Ҷанубӣ, ба гузоришгарон гуфт: "Давлати Куреи Ҷанубӣ ба гузоришгарон гуфт: "Давлати Куреи Ҷанубӣ амиқан аз эҷоди манъи вуруд мутаассиф аст ва хоҳони лағви билофосилаи ин мамнӯъият аст."

Куреи Шимолӣ бо азсаргирии фаъъолиятҳои ҳастаии худ дар моҳҳои гузашта нигарониҳоеро дар минтақа эҷод карда, ки бо вокуниши шадиди ҳамсояи ҷанубиаш ва ҳамчунин Омрико рӯбарӯ шудааст.

Рӯзи гузашта Ҷон Керӣ, вазири хориҷаи Омрико, дар посух ба таҳдидоти Куреи Шимолӣ дар як конфронси хабарӣ дар Куреи Ҷанубӣ гуфт кишвараш аз Куреи Ҷанубӣ, ки муттаҳиди паймонии Омрикост, дар муқобили Куреи Шимолӣ дифоъ мекунад.

Image caption Пюнгёнг эълом кард мехоҳад кор дар муҷтамаъи ҳастаии Юнгбюнро аз сар бигирад

Куреи Шимолӣ, ки дар моҳи феврал севумин озмоиши ҳастаии худро анҷом дода, аз таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид ва монуврҳои солонаи Омрико ва Куреи Ҷанубӣ хашмгин аст.

Оқои Керӣ тозатарин таҳдидоти давлати Куреи Шимолиро "ғайриқобили қабул" хондааст.

Пештар вазорати дифоъи Омрико гуфта буд ду мушаки замин ба ҳаво "ба манзури муқобила бо таҳдидоти мушакӣ" алайҳи Омрико ё муттаҳидонаш дар минтақа мустақар шудаанд.

Рӯзи сешанбе Пюнгёнг эълом кард мехоҳад кор дар Клик муҷтамаъи ҳастаии Юнгбюнро аз сар бигирад.

Дар ҳамин ҳол, Бон Ки-мун, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, гуфт буҳрони Куреи Шимолӣ "аз ҳад гузаштааст".

Гуфтаҳои дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид пас аз он сурат гирифт, ки Пюнгёнг эълом кард қасд дорад кор дар маҷмӯъаи ҳастаии аслии Юнгбюнро аз сар бигирад.

Матолиби муртабит