Омрико таҳдидҳои Куреи Шимолиро камаҳамият хонд

  • 6 Апрел, 2013

Дар пайи изҳори назарҳои ҷангҷӯёнаи Куреи Шимолӣ, ки аз чанд ҳафта қабл идома дорад, Омрико талош дорад таҳдидҳои ҷанг дар нимҷазираи Куреро камаҳамият ҷалва диҳад.

Ҷей Корнӣ, сухангӯи Кохи Сафед дар вокуниш ба гузоришҳои марбут ба таҳрикоти мушакии Куреи Шимолӣ гуфт аз анҷоми як озмоиши мушакӣ тавассути ин кишвар таъаҷҷуб нахоҳад кард.

Артиши Омрико гуфтааст лафозии (реторика) Куреи Шимолӣ нигаронкунанда аст, аммо ба назар намерасад нишон аз ҷанг дошта бошад.

Як мақоми аршади артиши Омрико гуфтааст, ки ба назар мерасад ин таҳдидҳо як улгуи ошност.

Куреи Шимолӣ таҳдид кардааст, ки мавозеъе дар Омрико ва Куреи ҶАнубиро ҳадаф қарор медиҳад.

Куреи Шимолӣ аз бархе аз коркунони диплумотики мустақар дар он кишвар, аз ҷумла сафоратхонаҳои Бритониё ва Русия хостааст то хориҷ кардани коркунанашонро аз Пюнгёнг, пойтахт дар назар бигирад.

Бритониё гуфтааст, Куреи Шимолӣ ба онҳо иттилоъ дода, ки аз ҷаҳоршанбеи оянда ин кишвар наметавонад амнияти сафоратхонаҳо ва созмонҳои байналмилалиро дар шароити феълӣ тазмин кунад.

Дар ҳамин робита вазорати хориҷаи Бритониё эълом карда, ки бо шуракои байналмилалиаш дар ин бора машварат карда, аммо ҳануз дар бораи хуруҷи фаврии коркунонаш аз сафоратхонаи ин кишвар дар Куреи Шимолӣ барномае надорад.

Ин дархост дар ҳоле аз сӯйи Куреи Шимолӣ матраҳ шуда, ки пештар Куреи Ҷанубӣ эълом кард, ки ҳамсояи шимолиаш ду мушаки миёнбурдро омодаи партоб кардааст.

Ожонси хабарии Куреи Ҷанубӣ ба нақл аз яке аз мақомоти аршади низомии Куреи Ҷанубӣ эълом кард, ин мушакҳо бо қатор ба маҳалли партоб дар савоҳили шарқӣ мунтақил шуда аст.

Дар ҳамин ҳол гузоришҳо ҳокӣ аст, ки Куреи Ҷанубӣ ду новҷанги Эйҷис ҳомили системи дифоъи мушакӣ ба савоҳили шарқӣ ва ғарбӣ эъзом кардааст.

Ҳамзамон бо боло гирифтани танишҳо дар нимҷазираи Куре, Куреи Ҷанубӣ гуфтааст дарсурате, ки шароити корӣ барои коргароне, ки дар минтақаи санъатии Коесунг кор мекунанд хатарнок шавад, монеъ аз кор кардани онҳо дар ин минтақаи санъатӣ хоҳад шуд.

Минтақаи Коесунг, ки дар хоки Куреи Шимолӣ қарор дорад маҳали даромадзои хубе барои ин кишвар аст. Даҳҳо корхона ва садҳо шаҳрванди Куреи Ҷанубӣ дар он фаъъолият дорад.

Ин минтақа, ки коргарони Куреи Шимолӣ ва Ҷанубӣ муштаракан дар он ба кор машғулаанд, охири ирнтиботи байни ду ҳамсоя маҳсуб мешавад ва меъёри хубе барои санҷиши робита миёни ду Куре будааст.

Куреи Шимолӣ ахиран таҳдид карда, ки пойгоҳҳои низомии Омрико аз ҷумла Гуом дар уқёнуси Оромро мавриди ҳадаф қарор хоҳад дод.

Вазорати дифоъи Омрико дар вокуниш ба ин таҳдид аз истиқорори сипари дифоъи мушакии он кишвар дар ҷазираи Гуом хабар дода ва гуфта, ки киштиҳои ҷангии омрико ҳам дар обҳои минтақа мустақар шудаанд.

Алорағми ин таҳдидҳо коршиносон муътақиданд, ки пурқудраттарин мушаки Куреи Шимолӣ, ки декабри соли гузашта озмоиш шуд, 6000 килуметр дорад ва наметавонад фаротар аз Олоскоро қадаф қарор диҳад.

Ким Куон Ҷин, вазири хориҷаи Куреи Ҷанубӣ имкони ҳадаф қарор гирифтани Омрикоро бисёр кам донист ва гуфт, ҳадафи Куреи Шимолӣ аз интиқоли мушак мушаххас нест ва наметавон гуфт, ки он кишвар мехоҳад Иёолоти Муттаҳидаи Омрикоро ҳадаф қарор диҳад.

Матолиби муртабит