Убомо: Куреи Шимолӣ ба хусумат поён диҳад

  • 12 Апрел, 2013
Image caption Омрико аз Чин хоста ба Куреи Шимолӣ барои коҳиши хусуматҳо фишор биоварад

Борок Убомо, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Куреи Шимолӣ хостааст ба рӯйкарди хасмонаи худ поён диҳад.

Ҳамзамон, мақомҳои омрикоӣ талош кардаанд, то як гузориши дарзкардаи иттилоъотиро, ки тавоноии мушакҳои дурбурди Куреи Шимолӣ ба ҳамли кулоҳакҳои ҳастаӣ хабар медиҳад, камаҳамият ҷилва диҳанд.

Як намояндаи ҷумҳурихоҳи кунгре рӯзи панҷшанбе дар як ҷаласаи пурсишу посух бахше аз як гузориши Созмони Иттилоъоти Дифоъии Омрикоро қироъат кард, ки баёнгари тавоноии мушакҳои миёнбурди Куреи Шимолӣ ба ҳамли кулоҳаки ҳастаӣ буд.

Мақомҳои омрикоӣ пеш аз ин гуфта буданд, ки мушакҳои Куреи Шимолӣ аз тавоноии мусаллаҳ шудан ба чунин кулоҳакҳое бархӯрдор нестанд.

Оқои Убомо, ки панҷшанбе бо дидор бо Бон Ки-мун, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар Кохи Сафед суҳбат мекард, гуфт кишвараш дар пайи "муноқиша бо Куреи Шимолӣ нест", вале таъкид кард, ки Иёлоти Муттаҳида омода аст барои иқдоми лозимро барои дифоъ аз худ ва муттаҳидонаш анҷом диҳад.

Оқои Убомо гуфт: "Мо ҳар ду бар ин боварем, ки замони он расида, ки Куреи Шимолӣ ба ин рӯйкарди хасмона поён диҳад."

Бон Ки-мун низ аз он чи вокуниши санҷидаи Омрико дар ин буҳрон хонд, тамҷид кард.

Озмоишҳои мушакӣ ва ҳастаии Куреи Шимолӣ дар моҳҳои декабр ва феврал ва таҳримҳои эъмолшуда алайҳи ин кишвар ба василаи Шӯрои Амният аз авомили ташдидкунандаи буҳрон дар нимҷазираи Куре будаанд.

Ҳамзамон, Ҷон Керӣ, вазири умури хориҷаи Омрико, барои як сафари минтақавӣ аз пеш барномарезишуда роҳии шарқи Осиё шудааст.

Ба гуфтаи диплумотҳои ҳамроҳи оқои Керӣ, вазири умури хориҷаи Омрико, дар ин сафар аз Чин хоҳад хост аз нуфузи худ барои костан аз иқдомҳои "бесуботкунандаи" Куреи Шимолӣ истифода кунад.

Дар рӯзҳои гузашта дар пайи интишори гузоришҳое дар бораи интиқоли ду мушаки миёнбурди Куреи Шимолӣ ба савоҳили шарқии ин кишвар артишҳои Омрико ва Куреи Ҷанубӣ сатҳи омодабоши худро афзоиш додаанд.

Дар ин ҳол, як намояндаи ҷумҳурихоҳ ба нақл аз бахше аз як гузориши маҳрамонаи Созмони Иттилоъоти Омрико , Ди-ой-эй, эълом кард, ки Куреи Шимолӣ ба тавоноии мусаллаҳ кардани мушакҳои худ ба кулоҳаки ҳастаӣ даст пайдо кардааст.

Ди-ой-эй бозӯи иттилоъотии вазорати дифоъи Омрикост.

Дар пайи интишори ин хабар, Ҷурҷ Литл, сухангӯйи вазорати дифоъи Омрико, ироаи чунин арзёбӣ аз тавоноии мушакии Куреи Шимолиро ғайридақиқ унвон кард.

Оқои Литл гуфт: "Матраҳ кардани ин мавзӯъ, ки Куреи Шимолӣ чунин тавоноии ҳастаиро озмоиш карда ё ба намоиш гузошта ғайридақиқ аст."

Ба рағми бархӯрдории Куреи Шимолӣ аз тавоноии тавлиди силоҳи ҳастаӣ, коршиносон бар ин боваранд, ки ин кишвар фоқиди дониши тавлиди таслиҳоти атумии қобили насб бар рӯи мушакҳои дурбурд аст.

Матолиби муртабит