Омрико: Куреи Шимолиро ба унвони қудрате ҳастаӣ намепазирем

Ҷон Керӣ, вазири хориҷаи Омрико, ки ба Куреи Ҷанубӣ сафар карда, гуфтааст, ки ин кишвар Куреи Шимолиро ба унвони қудрате ҳастаӣ намепазирад. Оқои Керӣ зимни ғайриқобили пазириш донистани таҳдидҳои ахири Куреи Шимолӣ таъкид карда, ки Омрико дар сурати ниёз аз муттаҳидонаш дифоъ хоҳад кард.
Оқои Керӣ дар ҷараёни ин сафар бо раиси ҷумҳур ва вазири хориҷаи Куреи Ҷанубӣ ва ҳамчунин фармодеҳони низомии Омрико дар Сеул дидор ва музокира мекунад.
Интизор меравад оқои Керӣ дар ҷараёни тури осиёии худ аз Чин бихоҳад то аз нуфузаш барои ҷилавгирӣ аз иқдомоти Куреи Шимолӣ истифода кунад.
Куреи Шимолӣ дар ҳафтаҳои ахир ба таври мукаррар Куреи Ҷанубӣ ва Омрико таҳдиди ҷанг кардааст.
Дар ҳамин ҳол, Чин гузоришҳои мунташира дар бораи истиқрори нерӯҳои низомии ин кишвар дар марзи муштарак бо Куреи Шимолиро такзиб кард.
Хабаргузории "Шинҳуо" ба нақл аз яке аз мақомоти вазорати дифоъи Чин интишори чунин гузоришҳоеро нодуруст хондааст.
Ин мақоми вазорати дифоъи Чин таъкид карда, ки кишвараш ба хатти сулҳу субот дар минтақаи шимоли шарқи Осиё пойбанд аст.
Аз замони бурузи танишҳои ахир дар нимҷазираи Куре, Чин ба унвони танҳо муттаҳиди Куреи Шимолӣ борҳо аз тамомии тарафҳо хоста, то ба буҳрон дар ин нимҷазира поён диҳад.
Қарор аст оқои Керӣ баъд аз Куреи Ҷанубӣ аз кишварҳои Чин ва Жопун ҳам дидор ва бо мақомоти он кишварҳо музокира кунад.
Интизор меравад оқои Керӣ аз Чин нахоҳад то аз ҳама аҳрумҳои мумкин барои ҷилавгирӣ аз иқдомоти Куреи Шимолӣ истифода кунад.
"Таҷҳизи мушакҳои миёнбурд ба кулоҳакҳои ҳастаӣ"
Бар асоси яке аз гузоришҳои маҳрамонаи Омрико, ки ба берун дарз карда, Куреи Шимолӣ қодир аст мушакҳои миёнбурдро ба кулоҳакҳои ҳастаӣ муҷаҳҳаз кунад.
Рӯзи гузашта (панҷшанбеи 11 апрел) яке аз намояндагони ҷумҳурихоҳи кунгре дар як ҷаласаи пурсишу посух бахше аз як гузориши Созмони Иттилоъоти Дифоъии Омрикоро қироъат кард, ки баёнгари тавоноии мушакҳои миёнбурди Куреи Шимолӣ ба ҳамли кулоҳаки ҳастаӣ буд.
Мақомҳои омрикоӣ пеш аз ин гуфта буданд, ки мушакҳои Куреи Шимолӣ аз тавоноии мусаллаҳ шудан ба чунин кулоҳакҳое бархӯрдор нестанд.
Куреи Шимолӣ то кунун чандин мушаки ҳастаиро озмоиш кардааст.
Ба рағми бархӯрдории Куреи Шимолӣ аз тавоноии тавлиди силоҳи ҳастаӣ, коршиносон бар ин боваранд, ки ин кишвар фоқиди дониши тавлиди таслиҳоти атумии қобили насб бар рӯйи мушакҳои дурбурд аст.
