Шавҳари аммаи раҳбари Куреи Шимолӣ эъдом шуд

  • 13 Декабр, 2013
Ҷанг Сунг Тек
Image caption Ҷанг Сунг Тек (чап) аз соли 2011 муъовини кумисиюни дифоъи миллӣ, болотарин ниҳоди низомии Куреи Шимолӣ буд

Хабаргузории расмии Куреи Шимолӣ эълом кардааст, ки Ҷанг Сунг Тек, яке аз бонуфузтарин давлатмардон ва шавҳари аммаи Ким Ҷунг Ун, раҳбари ин кишвар, ки ахиран ба иттиҳоми "аъмоли муҷримона" аз тамоми масъулиятҳои худ халъ шуда буд, эъдом (қатл) шудааст.

Ҷанг Сунг Тек дар нишасти ахири ҳизби ҳокими кумунист тавассути маъмуроне боздошт ва аз солуни кунферонс берун бурда шуда буд.

Ҷанг Сунг Тек яке аз чеҳраҳои аслии умури иқтисодӣ дар Куреи Шимолӣ буд ва ба таври мураттаб музокирот бо Чин, наздиктарин муттаҳиди Пюнг Ёнгро, ба уҳда дошт.

Хабаргузории расмии Куреи Шимолӣ (KCNA) мегӯяд Ҷанг Сунг Тек дар як додгоҳи низомӣ ба ҷурми талош барои барандозии ҳукумат хоин шинохта шуда ва ҳукми эъдоми ӯ ба иҷро гузошта шудааст.

Ҳайъати марказии ҳизби кумунисти коргарии Куреи Шимолӣ пештар Ҷанг Сунг Текро ба иттиҳоми иртикоби "аъмоли зиддиҳизбӣ ва зиддиинқилобӣ" ихроҷ карда буд.

Барканорӣ ва эъдоми Ҷанг Сунг Тек муҳиммтарин иттифоқи сиёсӣ дар Куреи Шимолӣ пас аз ба қудрат расидани Ким Ҷунг Ун ба ҷойи падараш Ким Ҷонг Ил арзёбӣ мешавад.

Image caption Ҷанг Сунг Тек дар нишасти ахири ҳизби ҳокими кумунист тавассути маъмуроне боздошт шуд

Ҳамзамон Порк Ген-ҳие, раиси ҷумҳурии Куреи Ҷанубӣ, ҳушдор додааст, ки ҳукумати Куреи Шимолӣ бо эъмоли иръоб (тарспароканӣ) талош мекунад, ки мавқеъияти раҳбари ҷавони ин кишварро тасбит (устувор) кунад.

Ӯ гуфтааст, ки равобити бесуботи Куреи Шимолӣ ва Куреи Ҷанубӣ дар пайи канор гузошта шудани Ҷанг Сунг Тек ба эҳтимоли зиёд бесуботтар хоҳад шуд.

Ҷанг Сунг Тек маъмулан дар канори Ким Ҷунг Ун, раҳбари Куреи Шимолӣ дида мешуд ва бисёре ӯро қудрати аслии пушти сари раҳбарӣ медонистанд.

Ҷанг Сунг Тек аз соли 1992 ба узвияти кумитаи марказии ҳизби кумунисти коргарӣ даромад ва яке аз аъзои аршади ин ҳизб буд.

Ӯ аз соли 2011 муъовини кумисиюни дифоъи миллӣ, болотарин ниҳоди низомии Куреи Шимолӣ, шуда буд.

Ҷанг Сунг Тек, ки 67 сол дошт, дар соли 1972 бо хоҳари Ким Ҷонг Ил, раҳбари собиқи Куреи Шимолӣ, издивоҷ карда буд.

Онҳо аз ин издивоҷ як духтар доштанд, ки дар Порис донишҷӯ буд ва дар соли 2006 худкушӣ кард.

Матолиби муртабит