Сиёсатмадори қудратманди Куреи Шимолӣ "барканор" шуд

  • 3 Декабр, 2013
Image caption Ҷонг Сунг Тоик бо хоҳари Ким Ҷунг Ил, падари раҳбари феълӣ, издивоҷ карда

Гузоришҳо аз Куреи Шимолӣ ҳокӣ аз он аст, ки шавҳари аммаи Ким Ҷунг Ун, раҳбари Куреи Шимолӣ ва яке аз қудратмандтарин сиёсатмадорони ин кишвар, аз симати худ барканор шудааст.

Ҷонг Сунг Тоик то кунун муъовини Кумиссиюни дифоъи миллии Куреи Шимолӣ буд, ки яке аз муҳимтарин ниҳодҳои давлатӣ дар ин кишвар ба шумор меравад.

Ин хабар тавассути як намояндаи маҷлиси Куреи Ҷанубӣ пас аз дарёфти иттилоъот тавассути созмони ҷосусии Куреи Ҷанубӣ эълом шуд.

Дар сурате, ки ин хабар сиҳҳат дошта бошад, ин барканорӣ нишондиҳандаи тағйироти асосӣ дар раъси қудрат дар Куреи Шимолӣ аст.

Гузоришҳо аз Куреи Шимолӣ ҳамчунин аз эъдоми ду мушовири наздики шавҳараммаи раҳбарони ин кишвар ҳикоят дорад. Ин афрод, ки ба фасод муттаҳам шуда буданд, дар моҳи ноябр дар малои ом эъдом шуданд.

Ким Ҷунг Ун дар соли 2011 пас аз марги падараш Ким ҷунг Ил ба раҳбарии Куреи Шимолӣ расид.

Ҷонг Сунг Тоик бо хоҳари Ким Ҷунг Ил, падари раҳбари феълӣ, издивоҷ карда ва ба гуфтаи бархе таҳлилгарон яке аз қудратмандтарин афроди пушти парда дар ҳукумат и бастаи Куреи Шимолӣ маҳсуб мешуд. Гуфта мешуд, ки ӯ то бар раҳбари феълии Куреи Шимолӣ нуфузи қобили таваҷҷуҳе дошт.

Матолиби муртабит