Омрико нисбат ба "бесуботӣ" дар Куреи Шимолӣ ҳушдор дод

  • 16 Декабр, 2013

Ҷон Керрӣ, вазири хориҷаи Омрико, гуфт ки эъдоми марди шумораи дуи Куреи Шимолӣ нишонаи "шум аз адами суботи сиёсӣ" дар ин кишвар аст ва барои ҳамин хоҳони халъи силоҳи атумӣ дар шибҳаҷазираи Куре шуд.

Оқои Керрӣ гуфт: "Ин ки фарде монанди Ким Ҷунг Ун (раҳбари Куреи Шимолӣ) силоҳи ҳастаӣ дошта бошад, беш аз пеш ғайриқобили қабул аст."

Ҷанг Сунг Тик, илова бар қудрати сиёсӣ ки дошт, шавҳари амаи раҳбари кунунии Куреи Шимолӣ низ буд.

Ҷон Керрӣ дар гуфтугӯе бо шабакаи телевизиюнии Эй-бӣ-сӣ гуфт, ки ин эъдом нишондиҳандаи “аҷул будан ва бараҳмии” раҳбари Куреи Шимолӣ аст.

Оқои Керрӣ, Ким Ҷунг Унро бо Саддом Ҳусейн раиси ҷумҳурии пешини Ироқ муқоиса кард ва ӯро “диктотуре” хонд, ки эҳсоси “адами амният” мекунад.

Эъдоми марди шумораи дуи Куреи Шимолӣ дар замоне рӯй дод, ки ӯ машғули густардани равобити тиҷории ин кишвар бо Чин буд.

Баъд аз эъдоми оқои Чунг буд, ки Куреи Шимолӣ туҷҷори худ дар Чинро ба кишвар фаро хонд.

Чин аз маъдуд кишварҳое аст, ки бо Куреи Шимолӣ равобити тиҷорӣ дорад ва сармоягузориҳо дар Куреи Шимолӣ барои ин кишвар аз аҳамияти болое бархурдор аст.

“Аҳдофи сиёсӣ тағйир накарда”

Чин эъдоми оқои Ҷенгро масъалаи дохилии Куреи Шимолӣ медонад ва танҳо ибрози умедворӣ карда, ки субот дар ин кишвар ҳифз шавад.

Як мақоми куреӣ ҳам гуфта ки дар сиёсати кишвараш бароигустариши сиёсати хориҷии ин кишвар тағйире рӯй намедиҳад.

Оқои Ҷенг ки ба назар мерасад, ҳамсараш (амаи раҳбари Куреи Шимолиро) ҳамчунон дар қудрат аст, аз афроди калидӣ дар тағйири сиёсатҳои иқтисодии ин кишвар буд.

Бо ин ҳол, Юн Юнг Сук, аз мақомҳои иқтисодии Куреи Шимолӣ гуфт, ки аҳдофи тиҷорати Куреи Шимолӣ тағйир накарда.

Ӯ гуфт, ки оқои Ҷенг ва гурӯҳаш ба иқтисоди кишвар заработи бузурге заданд, бо ин ҳол “тағйире дар сиёсатҳои иқтисодии ҷумҳурии халқи Куре рӯй намедиҳад.”

Моҳи гузашта Куреи Шимолӣ эълом кард, ки мехоҳад манотиқи вижаи иқтисодӣ барои кишварҳои минтақа дуруст кунад, то гардишгарон ва туҷҷори хориҷиро ба онҷо ҷазб кунад.

Матолиби муртабит