Куреи Ҷанубӣ аз озмоиши ҷадиди Куреи Шимолӣ хабар дод

  • 19 Май, 2013
Мокети яке аз мушакҳои Куреи Шимолӣ
Image caption Мокети яке аз мушакҳои Куреи Шимолӣ, ки дар музеи ҷанги Сеул ба намоиш гузошта шуда

Дар ҳоле ки Бон Ки-мун, дабири кулли Созмони Милал аз Куреи Шимолӣ хоста то аз озмоишҳои мушакии бештар худдорӣ кунад, Пюнгёнг чаҳорумин озмоиши мушакҳои кӯтоҳбурди худро дар ду рӯзи гузашта анҷом дод.

Вазорати дифоъи Куреи Ҷанубӣ имрӯз якшанбе, 29 урдубиҳишт (19 май) хабар аз озмоиши мушакии ҳамсояи шимолии худ дод.

Оқои Бон пас аз дидор бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия дар Маскав аз Куреи Шимолӣ хост то ба ҷои озмоишҳои мушакӣ талоши худро сарфи "азсаргирии гуфтугӯ" дар бораи барномаи ҳастаӣ кунад, на ин ки чунин "иқдоми таҳрикомезе" анҷом диҳад.

Ӯ гуфт: "Ҳоло замони аз саргирии гуфтугӯ ва коҳиши таниш аст ва Созмони Милал ҳам кумак хоҳад кард."

Оқои Бон ҳамчунин аз Русия хост то барои боз гардондани Куреи Шимолӣ ба мизи музокира талош кунад. Русия яке аз шаш кишваре аст, ки дар музокироти ҳастаии Куреи Шимолӣ ширкат дорад.

Куреи Шимолӣ дирӯз се мушаки кӯтоҳбурдро дар савоҳили шарқии худ озмоиш карда буд.

Бо ин ки ин озмоишоти мушакӣ ҳамвора дар ҷараён будаанд, аммо дар замоне ки таниши минтақаӣ боло ва равобити кишварҳои минтақа буҳронӣ аст, ин озмоишҳо бо ҳассосияти бештаре тафсир мешаванд.

Таниши минтақаӣ ҳудуди се моҳ пеш шиддат гирифт, пас аз он ки Куреи Шимолӣ сеюмин озмоиши ҳастаиро анҷом дод.

Ба дунболи он Шурои Амният таҳимҳои бештареро барои Пюнгёнг дар назар гирифт. Ин таҳримҳо бо вокуниши тунди Куреи Шимолӣ мувоҷеҳ шуд.

Ин кишвар таҳдид кард, ки нерӯгоҳи ҳастаии худро, ки таътил карда буд, барои ғанисозии плутуниюм бозгушоӣ хоҳад кард.

Ба илова Пюнгёнг равобити низомӣ ва иқтисодии худро бо Куреи Ҷанубӣ қатъ ва таҳдид кард ки ҳамсояи ҷанубӣ, Жопун ва Омрикоро ҳадафи мушакҳои худ қарор хоҳад дод.

Куреи Шимолӣ ҳамчунин ба монуврҳои низомии муштараки солонаи Омрико ва Куреи Ҷанубӣ ҳам мӯътариз аст ва онро таҳдиде алайҳи худ ба шумор меоварад.

Пюнгёнг мушакҳои миёнбурди худро, ки моҳи пеш дар савоҳили шарқӣ мустақар карда буд, дар ҳафтаҳои ахир ҷамъоварӣ кард.

Ин иқдом ба коҳиши танишҳои минтақаӣ таъбир шуд, бо ин ҳол ин танишҳо аз замони озмоиши ҳастаии Куреи Шимолӣ ҳамчунон боло аст.

Матолиби муртабит