Куреи Шимолӣ мушакҳояшро аз маҳалли партоб хориҷ кард

  • 7 Май, 2013
Image caption Мушакҳои Мусудон соли гузашта дар ҷараёни рижаи низомӣ дар Пюнг Ёнг ба намоиш даромад

Як мақоми омрикоӣ мегӯяд, ки Куреи Шимолӣ ду мушаки миёнбурдро аз маҳалли партоби онҳо дар савоҳили шарқии ин кишвар хориҷ карда, ки метавонад гоме дар ҷиҳати костан аз таниш дар буҳрони нимҷазираи Куре бошад.

Бино ба гузоришҳо Пюнг Ёнг (Пхенян) моҳи гузашта барои партоби мушак аз ин ноҳия омода шуда буд.

Ин кишвар бархе аҳдофи мушаххас дар Омрико ва Куреи Ҷанубиро таҳдид ба ҳамла карда буд.

Ин таҳдидҳо пас аз вазъи таҳримҳои тозаи Созмони Милал алайҳи Куреи Шимолӣ дар моҳи март пас аз севумин озмоиши атумии он кишвар, ки дар моҳи феврал анҷом шуд, сурат гирифт.

Куреи Шимолӣ ҳамчунин аз монуврҳои муштараки низомии густардаи Куреи Ҷанубӣ ва Омрико, ки як ҳафта қабл тамом шуд, хашмгин аст.

Хабаргузории Юнҳопи Куреи Ҷанубӣ гузориш медиҳад, ки риштаи тозае аз размоишҳои муштараки зиддизердарёии рӯзи якшанбе шурӯъ шуд ва то ҷумъа идома хоҳад дошт.

Мушакҳои миёнбурд

Як мақоми дифоъии Омрико ба хабаргузории Фаронса гуфта мушакҳои навъи Мусудон ҳар лаҳза омодаи партоб буд, аммо Куреи Шимолӣ акнун "онҳоро ҷобаҷо" кардааст.

Дар ҳамин ҳол, Ҷурҷ Литл, сухангӯйи Пентогун, ки аз изҳори назари мустақим дар бораи ин мушакҳо худдорӣ кард, ба хабарнигорон гуфт: "Он чи ахиран дидаем, вақфа дар иқдомоти таҳрикомез аст."

"Ва ман фикр мекунам, ки ин бавузӯҳ барои талошҳо дар ҷиҳати итминон аз сулҳу субот дар нимҷазираи Куре муфид аст."

Куреи Шимолӣ мушакҳои миёнбурди Мусудонро дар соли 2010 дар ҷараёни як рижаи низомӣ рӯнамоӣ кард, аммо дар он замон ҳанӯз онҳоро озмоиш накарда буд.

Куреи Ҷанубӣ моҳи гузашта вазъияти изтирориро то ҳадди бисёр хатарнок боло бурд ва он замоне буд, ки нишонаҳое аз омода шудани шимол барои анҷоми як озмоиши мушакӣ зоҳир шуд.

Ба гуфтаи манобеъи огоҳ дар давлати Омрико ва Куреи Ҷанубӣ, ҳадди ақал як мушаки болистик бо бурде се ҳазор килуметр сӯхтгирӣ ва омодаи партоб шуда буд.

Партоби озмоишии чунин мушаке ноқизи қатъномаи шумораи 1718-и Шӯрои Амнияти Созмони Милал хоҳад буд, ки тасреҳ мекунад Куреи Шимолӣ "дигар набояд даст ба озмоиши ҳастаӣ ё озмоиши мушакҳои болистик бизанад."

Аз замони вазъи таҳримҳои тозаи Созмони Милал, Пюнг Ёнг таҳдид ба истифода аз силоҳҳои атумӣ карда ва гуфтааст, ки як реоктури атумиро дубора фаъъол хоҳад кард.

Матолиби муртабит