Куреи Шимолӣ шаҳрванди омрикоиро ба 15 сол ҳабс маҳкум кард

  • 2 Май, 2013
Image caption Кенес Бей мутаваллиди Куреи Ҷанубӣ аст, аммо шаҳрвандии Иёлоти Муттаҳидаро дорад ва сокини Омрикост

Як шаҳрванди омрикоӣ дар Куреи Шимолӣ ба ҳабс бо аъмоли шоқа маҳкум шуд.

Рӯзи панҷшанбеи 2 май, хабаргузороии давлатии Куреи Шимолӣ гузориш кард, ки муҳокимаи Пи Ҷун Ҳу, шаҳрванди омрикоӣ дар додгоҳи олии Ҷумҳурии Халқи Куре поён ёфта ва додгоҳ ӯро дар иртибот бо тавтеъа алайҳи низоми ин кишвар муҷрим шинохта ва ба понздаҳ соли ҳабс бо аъмоли шоқа маҳкум кардааст.

Пи Ҷун Ҳу, сокини иёлати Вошингтун, ки дар Омрико аз номи Кенес Бей истифода мекунад, 44 сол дорад, дар Куреи Ҷанубӣ мутаваллид шуда ва ба Омрико муҳоҷират кардааст. Ӯ дар заминаи созмондиҳӣ ва иҷрои турҳои ҷаҳонгардӣ фаъъолият дорад.

Кенес Бей рӯзи 3 ноябри соли гузашта пас аз вуруд ба шаҳри Роҷон дар шимоли шарқи Куреи Шимолӣ тавассути маъмурони амниятии Куре дастгир шуд.

Шаҳри Роҷон бахше аз минтақаи вижаи иқтисодӣ дар марз бо Чин аст, ки давлати Куреи Шимолӣ бо ҳадафи ҷалби сармоягузории хориҷӣ онро эҷод кардааст ва оқои Бей ҳамроҳ бо чаҳор ҷаҳонгарди дигар вориди ин шаҳр шуда буд.

Хабаргузории Куреи Шимолӣ, ки номи куреии ин шаҳрванди омрикоиро ба кор мебарад, дар гузорише дар моҳи декабр навишт, ки "дар ҷараёни таҳқиқоти қазоӣ, шавоҳиде ба даст омад, ҳокӣ аз ин ки фарди боздоштшуда ба ҷароиме алайҳи низоми сиёсии Куреи Шимолӣ даст зада ва худи ӯ низ ба ин иттиҳомот эътироф кардааст" Ин гузориш афзуда буд, ки ҷурми ин фард "бо истинод ба мадорики исботшуда аст."

Хабаргузории Куреи Шимолӣ дар мавриди моҳияти иттиҳоми оқои Бей ҷузъиёте мунташир накардааст, аммо дар Куреи Шимолӣ муҳокима ва муҷозоти афрод бар асоси иттиҳомоти мубҳаме монанди "таблиғ алайҳи низом" ва "тавтеъа алайҳи мусолеҳи кишвар" комилан ривоҷ дорад."

Image caption Мумкин аст Ким Ҷунг Ун ба мубодилаи шаҳрванди омрикоӣ бо имтиёзоти иқтисодӣ ва сиёсӣ чашм дошта бошад

Бархе созмонҳои мудофеъи ҳуқуи башар дар Куреи Ҷанубӣ гуфтаанд, ки мақомоти Куреи Шимолӣ аз аксҳое, ки Кенес Бей аз гурӯҳе аз кӯдакони қаҳтизадаи куреӣ ва иҷрои ҳукми эъдом дар малои ом дар ин кишвар гирифта буд, нохурсанд буданд ва онро ба манзалаи талош барои беэътибор кардани ҳукумат талаққӣ кардаанд.

Пас аз боздошти оқои Бей давлати Куреи Шимолӣ ба диплумотҳои сафорати Суэд дар он кишвар иҷоза дод, то бо ин шаҳрванди омрикоӣ мулоқот кунанд ва сафорати Суэд ҳам гуфт, ки иттилоъоти худро мустақиман дар ихтиёри вазорати хориҷаи Омрико қарор медиҳад.

Иёлоти Муттаҳида ва Куреи Шимолӣ равобити диплумотик надоранд ва сафорати Суэд дар пойтахти Куреи Шимолӣ вазифаи ҳифозат аз манофеъи Иёлоти Муттаҳидаро бар уҳда дорад. Дар ҷараёни муҳокима низ намояндагони сафорати Суэд дар ҷаласаи додгоҳ ҳузур доштанд.

Барги баранда барои тамос?

Ин нахустин бор нест, ки Куреи Шимолӣ шаҳрвандони омрикоиро боздошт ва ба муҷозотҳои сангин маҳкум мекунад.

Дар соли 2009 ду шаҳрванди омрикоӣ ба номҳои Луро Линг ва Юнолӣ боздошт ва ба дувоздаҳ соли ҳабс бо аъмоли шоқа маҳкум шуданд, аммо мақомоти Куреи Шимолӣ дар ҷараёни сафари Бил Клинтун, раиси ҷумҳури пешини Омрик,о ба он кишвар ин ду нафарро озод карданд.

Иттиҳоми ду рӯзноманигори омрикоӣ ин буд, ки бо убур аз марзи муштараки Куреи Шимолӣ ва Чин ба шакли ғайриқонунӣ вориди Куреи Шимолӣ шуда ва дар садади зарба задан ба низоми ҳукуматии ин кишвар баромада буданд.

Image caption Шӯрои Амният дар моҳи март таҳримҳои ҷадидеро алайҳи Куреи Шимолӣ тасвиб кард

Боздошти ин ду омрикоӣ пас аз озмоиши ҳастаии Куреи Шимолӣ сурат гирифт, ки ташдиди таҳримҳои байналмилалӣ ва фишори иқтисодии Омрико бар он кишварро дар пай оварда буд.

Бо таваҷҷуҳ ба ин собиқа бархе коршиносон муътақиданд, ки эҳтимолан ҳадафи ҳукумати Куреи Шимолӣ аз боздошт ва маҳкумияти сангини Кенес бе водор кардани Омрико ба коҳиши фишорҳое аст, ки дар моҳҳои ахир бар Куреи Шимолӣ ворид кардааст.

Дар чанд моҳи ахир дастгоҳҳои таблиғотии Куреи Шимолӣ ҳамалоти худ алайҳи Омрико ва Куреи Ҷанубиро шиддат бахшидаанд ва дар моҳи апрел мақомоти он кишвар дар вокуниш ба монуври муштараки Омриков а Куреи Ҷанубӣ ба як ришта вокунишҳои таҳдидомези низомӣ низ даст заданд.

Мумкин аст мақомоти Куреи Шимолӣ интизор дошта бошанд, ки бори дигар як шахсияти аршади омрикоӣ барои дархости озодии Кенес Бей ба он кишвар сафар мекунад ва дар баробари озодии ин шаҳрванди омрикоӣ имтиёзотеро ба он кишвар бидиҳад.

Матолиби муртабит