Бастагони шавҳари аммаи раҳбари Куреи Шимолӣ эъдом шуданд

  • 26 Январ, 2014
Ҷанг Сунг Тек ва Ким Ҷунг УнImage copyrightb
Image caption Ҷанг Сунг Тек (чап) яке аз бонуфузтарин давлатмардон ва шавҳари аммаи раҳбари Куреи Шимолӣ дар моҳи гузаштаи мелодӣ эъдом шуд

Юнҳоп, хабаргузории Куреи Ҷанубӣ аз эъдоми тамомии касоне хабар додааст, ки "мустақиман" бо шавҳари амаи Ким Ҷунг Ун, раҳбари Куреи Шимолӣ пайванди хешовандӣ доштанд.

Ҷанг Сунг Тек, яке аз бонуфузтарин давлатмардон ва шавҳари аммаи раҳбари Куреи Шимолӣ дар моҳи гузаштаи мелодӣ эъдом шуд.

Ӯ қабл аз эъдом ба иттиҳоми "аъмоли маҳрамона" аз тамоми масъулиятҳояш халъ шуда буд.

Ба гузориши хабаргузории Куреи Ҷанубӣ дар миёни эъдомшудагон суфарои собиқи Куреи Шимолӣ дар Кубо ва Молезӣ дида мешаванд.

Ин афрод дар авоили моҳи гузаштаи мелодӣ аз кишварҳои маҳалли маъмурияташон ба Пиюнгёнг фаро хонда шуда ва фавран эъдом шуданд.

Бар асоси ин гузориш эъдоми онҳо пас аз куштани Ҷанг Сунг Тек анҷом шудааст.

Ҷанг Сунг Тек, шавҳари аммаи раҳбари Куреи Шимолӣ яке аз чеҳраҳои аслии умури иқтисодӣ дар ин кишвар буд ва ба таври мураттаб музокирот бо Чин, муттаҳиди наздики Пиюнгёнгро бар уҳда дошт.

Ӯ дар як додгоҳ ба ҷурми талош барои барандозии ҳукумат хоин шинохта шуда ва пас аз он ҳукми эъдоми ӯ ба иҷро гузошта шуд.

Аз барканорӣ ва эъдоми Ҷанг Сунг Тек, ба унвони муҳимтарин иттифоқи сиёсӣ дар Куреи Шимолӣ пас аз ба қудрат расидани Ким Ҷунг Ун арзёбӣ шудааст.

Матолиби муртабит