Гузориши Созмони Милал аз 'бераҳмии тавсифнопазир'" дар Куреи Шимолӣ

  • 17 Феврал, 2014
Image copyrightAP
Image caption Пирмарде дар Пюнгёнг дар муқобили муҷассамаи раҳбари пешин таъзим мекунад

Созмони Милали Муттаҳид имрӯз гузорише дар мавриди Куреи Шимолӣ мунташир мекунад, ки дар он шеваи иҷрои сиёсати кунтрули ҷамъият тавассути давлати ин кишвар ва наҳваи рафтори ин давлат бо шаҳрвандонаш "бераҳмии тавсифнопазир" номида шудааст.

Коршиносоне, ки пас аз як сол таҳқиқ ин гузоришро таҳия кардаанд, мегӯянд, ки шиддат ва густардагии хушунати созмонёфта ба ҳаддест, ки ба ақидаи онҳо, дунё бояд барои муқобила бо онон даст ба иқдом бизанад.

Аз ҷумла як зани зиндонӣ шаҳодат додааст, ки ӯро маҷбур кардаанд ба дасти худ навзодашро дар об хафа кунад.

Бар асоси ин гузориш, иддае аз кӯдакон аз рӯзи аввали ба дунё омаданашон зиндонӣ шудаанд ва ба онҳо гуруснагӣ дода шудааст.

Гузориши мазкур қарор аст шавоҳиде аз сиёсати саросарии кунтрули ҷамъият аз тариқи иръоб ироа кунад, ки тавассути давлати Куреи Шимолӣ ба кор гирифта мешавад.

Матолиби муртабит