Азсаргирии барномаи дидори хонаводаҳои ҷудошуда пас аз ҷанги ду Куре
Image copyrightBBC World ServiceДавлатҳои Куреи Шимолӣ ва Куреи Ҷанубӣ тавофуқ кардаанд то барномаи дидори хонаводаҳое, ки дар асари ҷанги ду Куре аз якдигар ҷудо шудандро аз сар гиранд.
Ин таҳаввул пас аз дархости мақомоти Куреи Шимолӣ барои беҳбуди равобит рух додааст.
Гуфта шуда аст, ки ин барнома аз моҳи ҷории мелодӣ (феврал) аз сар гирифта хоҳад шуд.
Охирин бор, ки барномаи дидори хонаводаҳои ҷудошудаи ду тарафи марз сурат гирифт, дар соли 2010 буд.
Қарор буд ки барномаи дидор дар моҳи сентябри соли гузашта аз сар гирифта шавад, аммо мақомоти Куреи Шимолӣ давлати Сеул (Куреи Ҷанубӣ)-ро муттаҳам ба "хусумат" карда ва ин барномаро лағв карданд.
Барномаи талошҳо барои азсаргирии дидори хонаводаҳои ду Куре дар остонаи тамрини муштараки низомии Омрико ва Куреи Ҷанубӣ рух додааст.
Ин монуври ниизомӣ, ки ба гуфтаи нозирон боъиси хашми мақомоти Куреи Шимолӣ хоҳад шуд, қарор аст дар моҳи ҷории мелодӣ баргузор шавад.
Мақомоти Куреи Шимолӣ аз ҳамтоёни ҷанубии худ хостаанд то ин монуври солонаи низомиро лағв кунанд, аммо мақомоти Куреи Ҷанубӣ бо ин дархост мухолифат кардаанд.
Куреи шимолӣ дар гузашта дидори хонаводаҳои ҷудошударо лағв карда буд. Мунтақидин мегӯянд, ки Куреи Шимолӣ аз ин барномаҳо барои чоназаниҳои сиёсӣ истифода мекунанд.
