Мухолифати тозаи мақомоти Узбакистон бо бунёди нерӯгоҳи "Роғун"
Image copyrightBBC World ServiceМақомоти давлати Узбакистон гуфтаанд, ки ин кишвар ба ҳеч ваҷҳ аз тарҳи бунёди нерӯгоҳи обии "Роғун" пуштибонӣ нахоҳад кард.
Дар ин маврид Рустам Азимов, муъовини аввали нахуствазири Узбакистон, дар нишасти ахири намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Олмотии Қазоқистон, ки дар он тарҳи бунёди нерӯгоҳи "Роғун" баррасӣ шуд, иброз доштааст.
Ҳамчунин, оқои Азимов натиҷагирии коршиносони байналмилалӣ таҳти назари Бонки Ҷаҳониро дар мавриди тарҳи бунёди нерӯгоҳи "Роғун" “ғайри қобили қабул” хондааст.
Тибқи гузориши коршиносони байналмилалӣ, тарҳи нерӯгоҳи "Роғун" барои муҳити зисти минтақаи Осиёи Марказӣ хатаре эҷод нахоҳад кард. Ба ин тартиб, ба гуфтаи мақомоти тоҷик, нигарониҳои кишвари ҳамсояи Убакистон дар ин маврид бепоя аст.
Ба эътиқоди Рустам Азимов, дар гузориши коршиносони байналмилалӣ чанд масъалаи муҳим, назири хатари асари ҳаводиси табиъӣ ба нерӯгоҳ, таҳдид барои муҳити зисти минтақа ва имкони танзими ҷараёни об аз сӯйи кишвари болооб ҳалли худро наёфтааст.
Аз ин лиҳоз, муъовини аввали нахуствазири Узбакистон ин натиҷагирии коршиносони байналмилалӣ дар мавриди тарҳи бунёди нерӯгоҳи "Роғун"-ро “ғайриҳирфаӣ” арзёбӣ карда ва хостори бозрасии дигар дар ин замина шудааст.
Зимнан, ин нишаст 18 июли соли ҷорӣ анҷом шуда, аммо матни суханронии Рустам Азимов танҳо рӯзи 1 август дар торнамои расмии давлати Узбакистон мунташир шудааст.
Ду ҳафта қабл, Ҷамолиддин Нуралиев, муъовини аввали вазири молияи Тоҷикистон, дар як нишасти хабарӣ гуфт, ки дар машварати 5-уми Бонки Ҷаҳонӣ дар бораи "Роғун" дар шаҳри Олмотӣ ширкат дошта, бо дарназардошти назару пешниҳодҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ гузориши коршиносони байналмилалӣ такмил шуда ва дар моҳи сентябри соли ҷорӣ мунташир хоҳад шуд.
Оқои Нуралиев гуфт, он замон дар мавриди идомаи бунёди нерӯгоҳи "Роғун" тасмими ниҳоӣ иттихоз хоҳад шуд.
Дар тобистони соли 2012 бар асоси дархости Бонки Ҷаҳонӣ ҳама гуна корҳои сохтмонӣ дар нерӯгоҳи "Роғун" то замони анҷоми бозрасиҳо мутаваққиф шуда ва ҳудуди 5 ҳазор коргар таътил шуданд.
Хайрулло Сафаров, мудири кулли нерӯгоҳи "Роғун" он замон ба Би-би-сӣ гуфта буд, ки воқеъан 3 ҳазор нафар, ки ба корҳои сохтмони нерӯгоҳ машғул буданд, аз кор барканор нашуда ва то замони поёни бозрасии Бонки Ҷаҳонӣ дар сохтмонҳои дигар, назири тунелҳои "Шаҳристон"-у "Истиқлол" ва бунёди роҳҳои иртиботӣ фаъъолият мекунанд.
Дар назар аст, дар пайи азсаргирии корҳои сохтмонӣ дар нерӯгоҳи "Роғун" ин афрод ба маҳалли пешини кори худ бозгарданд.
Бино ба иттилоъи Вазорати молияи Тоҷикистон, дар будҷеи соли ҷорӣ барои корҳои сохтмонӣ дар нерӯгоҳи "Роғун" 1 милёрду 140 милюн сомонӣ пешбинӣ шуда ва то ҳол аз ин маблағ 397 милюн ё 27 дарсад масраф шудааст.
Бунёди нерӯгоҳи обии "Роғун", воқеъ дар 110-килуметрии ҷануби шаҳри Душанбе, бо садди 335-метрӣ дар авоили даҳаи 1980 шурӯъ шуда, аммо дар пайи фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ва оғози ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон корҳои сохтмонӣ дар пруже қатъ шуд.
Дар соли 2004 миёни Тоҷикистон ва Русия дар бораи бунёди ин нерӯгоҳ тавофуқ имзо шуда, вале ба далели ихтилофи назарҳои тарафайн Русия аз бунёди нерӯгоҳи "Роғун" худдорӣ кард.
Дар авоили соли 2010 давлати Тоҷикистон корзори фурӯши саҳоми нерӯгоҳи "Роғун"-ро роҳандозӣ карда ва эълом дошт, ки дар садад аст бо нерӯи худӣ ин пружеро эҳдос кунад.
Бино ба иттилоъи Вазорати молияи Тоҷикистон, аз ҷумлаи беш аз 180 милюн дулоре, ки ба ҳисоби фурӯши саҳмияҳо ба даст омада буд, бахше дар корҳои барқарорсозии нерӯгоҳ масраф шуда ва бахши дигар дар бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешавад.
