Замони ҷаласаи солонаи саҳомдорони тарҳи нерӯгоҳи "Роғун" мушаххас шуд

  • 10 Июн, 2014

Кумитеи сармоягузории Тоҷикистон аз баргузории ҷаласаи саҳомдорони тарҳи нерӯгоҳи “Роғун” дар 28-уми моҳи июн хабар дод. Ин ҷаласа дар сохтмони Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор мешавад.

Дар ин ҷаласа саҳомдорон раванди сохтмони ин нерӯгоҳ ва истифода аз маболиғеро, ки ба ин тарҳ ихтисос ёфта, баррасӣ хоҳанд кард. Қабл аз баргузории ин ҷаласа дар марокизи вилоёт ва шаҳри Душанбе мизи гирдҳое баргузор мешаванд, ки дар онҳо салоҳияти саҳомдорон таъйид мешавад.

Ҳар фарде, ки саҳоми нерӯгоҳи "Роғун"ро дар ихтиёр дорад, аз ҳаққи раъйдиҳӣ бархурдор аст.

Бунёди нерӯгоҳи “Роғун” бо зарфияти 3600 меговот/соъат нерӯи барқ соли 1976 оғоз шуд. Соли 1993 дар пайи ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон сохтмони он мутаваққиф шуд. Дар оғози соли 2010 давлати Тоҷикистон саҳоми ин нерӯгоҳро ба фурӯш гузошт.

Тибқи иттилоъи вазорати дороиҳои Тоҷикистон, дар маҷмӯъ ширкатҳо ва шаҳрвандони кишвар ба маблағи ҳудуди 200 милюн дуллор саҳоми ин нерӯгоҳро харидаанд. Соли 2012 давлати Тоҷикистон то поёни бозрасии тарҳи “Роғун” аз сӯйи Бонки Ҷаҳонӣ умури сохтмонӣ дар ин пружеро мутаввақиф кард.

Кишварҳои поёноб, аз ҷумла Узбакистон, бо иҷрои ин тарҳ ҳамвора мухолифат кардаанд.