Қаландаров: 'Равобити ширкати роҳи оҳан бо Узбакистон беҳбуд ёфтааст'
Image copyrightBBC World ServiceДар пайи барканории Амонуллои Ҳукуматулло аз риёсати ширкати “Роҳи оҳани Тоҷикистон” равобит бо ширкати роҳи оҳани Узбакистон рӯ ба беҳбудӣ овардааст.
Усмон Қаландаров, муъовини раиси ширкати “Роҳи оҳани Тоҷикистон”, рӯзи сешанбеи 22 июл дар нишасте хабарӣ дар шаҳри Душанбе дар ин бора хабар дод ва гуфт, ки ҳоло ба ҳангоми тронзит аз ҳудуди Узбакистон мушкиле вуҷуд надорад ва вогунҳои бории Тоҷикистон дар он кишвар мутаваққиф намешаванд.
Зимнан, Амонуллои Ҳукуматулло дар авоили моҳи феврали соли ҷорӣ ба далели бознишастагӣ аз симаташ барканор ва Асадулло Зойиров, раиси пешини корхонаи сохтмонии “Роҳсоз”-и ширкати “Роҳи оҳани Тоҷикистон” ба ин симат мансуб шуда буд.
Оқои Ҳукуматулло, ки аз шахсиятҳои наздик ба хонаводаи Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, хонда мешавад, дар соли 2002 курсии риёсати ин ширкатро касб кард ва дар солҳои ахир исми ӯ ба дунболи қазияҳои писаронаш Рустам ва Расул расонаӣ шуда буд.
Рустам ба иттиҳоми қочоқи маводди мухаддир дар Русия муддате зиндонӣ шуд ва Расул дар сонеҳае маргбор дар шаҳри Душанбе, ки се куштаю се захмӣ ба ҷой гузошт, муқассир дониста мешавад.
Ҳамчунин, дар замони риёсати 12-солаи Амонуллои Ҳукуматулло равобити ширкати “Роҳи оҳани Тоҷикистон” бо ҳамтоёни узбаки худ тира шуда ва Узбакистон бо баҳонаҳои мухталиф аз тронзити колоҳои Тоҷикистон аз тариқи роҳи оҳани худ монеъ шудааст.
Аз сӯйи дигар, 16 ноябри соли 2011 дар пули иртиботии қисмати роҳи оҳани Ғалаба-Амузанг, дар ҷануби Узбакистон, инфиҷоре рух дод ва ба ин далел ҳаракати қаторҳо тавассути ин минтақа ба вилояти Хатлон дар ҷануби Тоҷикистон қатъ шуд.
Манобеъи ширкати “Роҳи оҳани Тоҷикистон” иброз доштанд, ки ба дунболи ин амр колоҳои вилояти Хатлон ва Бадахшон тавассути қатор ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд мунтақил шуда ва аз ин шаҳрҳо тавассути комюнҳо ба ин ду вилоят ҳамл мешаванд.
Гуфта мешавад, қимати ҳамлу нақли коло аз тариқи утумубил дар муқоиса бо қатор гаронтар буда ва ин амр ба 30 дарсад боло рафтани арзиши коло ва маводди ғизоӣ дар вилоятҳои Хатлону Бадахшон мунҷар шудааст.
Усмон Қаландаров, муъовини раиси ширкати “Роҳи оҳани Тоҷикистон”, гуфт, ки дар назар аст дар моҳи оянда ҳайъатҳои ширкатҳои роҳи оҳани Тоҷикистону ва Узбакистон мавзӯъи бозгушоии роҳи оҳани Ғалаба-Амузангро баррасӣ кунанд.
Ҳамчунин, ба гуфтаи оқои Қаландаров, дар соли ҷорӣ ширкати “Узбекистон темир йӯллари” арзиши тронзити колоҳои Тоҷикистон аз тариқи Узбакистонро аз 30 то 50 дарсад коҳиш дода ва низоми бозрасии гумрукиро барои қаторҳои борбари Тоҷикистон лағв кардааст.
Бино ба иттилоъи масъулони ширкати “Роҳи оҳани Тоҷикистон”, дар соли ҷорӣ дар ҳудуди Узбакистон мавориди мутаваққиф шудани вогунҳои бории Тоҷикистон тақрибан иттифоқ науфтода ва ҳама гуна мушкилоти мавҷуда аз тариқи тамоси телефунӣ ҳал шудааст.
Таҳлилгарон мегӯянд, ки мақомоти Узбакистон бо давлати Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки ду даҳа пеш бо ҳимояти Тошканд ва Маскав рӯйи кор омад, ихтилофи назарҳои ҷиддӣ доранд.
Бо таваҷҷуҳ ба ин ихтилофот, ки аз авохири даҳаи 1990 шурӯъ шуда, бо ибтикори ҷониби Узбакистон миёни ду кишвар низоми раводид ҷорӣ шуда ва иртибототи ҳамлу нақлӣ бо Тоҷикистон башиддат маҳдуд шудааст.
Онгуна, ки таҳлилгарон мегӯянд, беҳтар шудани равобити Тошканд бо мақомҳои ширкати "Роҳи оҳани Тоҷикистон" пас аз барканории Амонуллои Ҳукуматулло нишонае аз он аст, ки мақомҳои узбак бо афроди наздик ба хонаводаи Эмомалӣ Раҳмон ҳозир ба ҳамкорӣ нестанд.
