Амонулло Ҳукуматулло: Намемонед то бознишастагӣ кор кунам?
Image copyrightBBC World ServiceРаиси ширкати "Роҳи оҳани Тоҷикистон" мегӯяд, ки омода аст авоили моҳи майи соли ҷорӣ, ба ҳангоми расидан ба синни бознишастагӣ ё нафақа, аз мақоми худ истеъфо бидиҳад.
Амонулло Ҳукматулло, ки рӯзи чаҳоршанбеи 29 январ дар нишасте матбӯъотӣ бо хабарнигорон суҳбат мекард, аз бозтоби сонеҳаи маргбори муртабит бо писараш дар нашрияҳо ва расонаҳои мустақилли Тоҷикистон интиқод кард.
Вай гуфт: "Агар писари ман садама кард, ба ман чи кор доред? Мепурсед, ки баъди ин ҳодиса истеъфо медиҳед ё не. Мана, 1 майи соли ҷорӣ синни ман ба нафақа мерасад. Намемонед, ки ба нафақа расам."
Зимнан, соъати 2-и шаби 9 октябри соли гузашта худрави Расули 16-сола, писари Амонулло Ҳукуматулло, дар хиёбони Теҳрони шаҳри Душанбе ба як худрави “Жигулӣ” бархурд кард.
Бар асари ин сонеҳа Аловиддин Саидови 22-сола, ронандаи худрави “Жигулӣ” ва ду мусофири он дар маҳалли ҳодиса кушта шуда, се сарнишини ин худрав бо ҷароҳоти сангин дар бемористон бистарӣ шуданд.
Аммо он замон бархе аз расонаҳо навишта буданд, ки Амонулло Ҳукуматулло "писарашро ба шаҳри Фронкфурти Олмон гурезондааст." Ин ҳодиса дертар ба яке аз ҷанҷолбарангезтарин сонеҳаҳои марбут ба фарзандони мақомоти аршади ҳукумати Тоҷикистон табдил ёфт.
Раиси ширкати "Роҳи оҳани Тоҷикистон" дар нишасти имрӯз ин иддаъоро бепоя хонда ва гуфт, ки танҳо пас аз 6 соъат дар мавриди сонеҳа бо ширкати писараш хабар ёфта ва аз ин лиҳоз наметавонист ӯро ба Олмон бифиристад.
Ӯ гуфт: “Барои Расул (писараш) 2 моҳ пеш аз ин ҳодиса визои Олмонро гирифта ва 9 рӯз пеш ба шаҳри Фронкфурт билет харида буданд. Расул фарзанди боистеъдод аст, забонҳои русӣ, инглисӣ ва тоҷикиро хуб медонад. Вай бояд дар Олмон таҳсил мекард."
Оқои Ҳукуматулло хабарнигоронро ба саросемагӣ ё шитобзадагӣ муттаҳам карда ва гуфт, ки қабл аз эъломи ҳукми додгоҳ писари ӯро дар “куштор” гунаҳкор кардаанд. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи ӯ, ин се нафар бар асари сонеҳа ҷон бохтаанд ва ин воқеъа ба ҳеч ваҷҳ қатл ё куштор маҳсуб намешавад.
Дар ҳамин ҳол, Каюмарси Ато, сардабири “Озодагон”, хабаргузории мустақилли Тоҷикистон, гуфт, ки хабари даст доштани Расули Амонулло дар сонеҳаи утумубилӣ, ки талафоти ҷонӣ дар пай дошт, нахуст рӯзи 10 октябри соли ҷорӣ аз ҷониби Вазорати умури дохилаи ин кишвар эълом шуд.
Аз сӯйи дигар, ба гуфтаи оқои Ато, агар писари Амонулло Ҳукуматулло дар сари фармони худрав набуд, чаро хонаводаи ӯ ба афроди маҷрӯҳ дар ин сонеҳа пул пешниҳод карда ва махориҷи мудовои онҳоро пардохтааст?
Ӯ расонаӣ шудани сонеҳаи утумубилӣ бо ширкати Расули Амонуллоро ба фарзанди як мақоми давлатӣ ва аз наздикони президент Раҳмон будани Амонулло Ҳукуматулло марбут хонд.
Вай афзуд, ки сонеҳаҳо бо ширкати писарони Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломӣ ва намояндаи порлумон, ё Амирқул Азимов, собиқ дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон, низ дар нашрияҳо ва расонаҳои мустақил ба таври густарда пӯшиш ёфта буданд.
Зимнан, раиси ширкати "Роҳи оҳани Тоҷикистон" дар нишасти матбӯъотии ин ширкат гуфт, ки нашрияи “ИмрӯзNews” дар мавриди қазияи аз зиндони Русия озод шудани писараш Рустам матолиби "дурӯғин" чоп карда ва сипас, тавассути ҳукми додгоҳ ба миқдори 50 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст.
Боздошт ва зиндонӣ шудан Рустам, писари оқои Ҳукуматулло, ба иттиҳоми даст доштан дар қочоқи маводди мухаддир дар Русия, низ дар авохири соли 2012 ба вокунишҳои тунде дар ҷомеъа доман зада буд.
Амонулло Ҳукуматулло бо лаҳне, ки бисёре онро "таҳдидомез" хондаанд, ҳушдор дод, ки дар мавриди қазияи Расули Амонулло даъвои додгоҳияш алайҳи нашрияҳо ва расонаҳои мустақил сахттару ҷиддитар хоҳад буд.
Оқои Ҳукуматулло гуфт: "Вақте тафтишот тамом шавад, айби кӣ буданаш муъайян шавад, он вақт журналистеро (рӯзноманигореро), ки нисбат ба ман гап (сухан) гуфтааст, тинҷ (ором) намемонам (намегузорам)."
Вай афзуд: "Ҳазрати Саъдӣ гуфтааст, ки "кулӯхандозро подош санг аст." Барои даъво кардан саводи кофӣ дорам. Наход ман ин қадар бевиҷдон бошам, ки дар ҳукумати Тоҷикистон кор карда, писарамро гирифта гурезам."
Амонулло Ҳукуматулло, раиси ширкати "Роҳи оҳани Тоҷикистон" чопи матолиби интиқодӣ дар мавриди ӯ ва хонаводааш дар нашрияҳои мустақилро як амали “фармоишӣ” хонд ва гуфт, ки ҳадаф аз он "бадном кардани раҳбари як корхонаи пурмаҳсул аст."
Ба гуфтаи оқои Ҳукуматулло, ширкати "Роҳи оҳани Тоҷикистон" ҳамасола ба будҷеи кишвар ба миқдори 250 милюн сомонӣ молиёт ворид карда, маъоши кормандонашро бамавқеъ пардохт мекунад.
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи ӯ, ширкати “Барқи тоҷик” бо вуҷуди даромади зиёд, ба ниҳодҳои молиёт ё сохторҳои дигар ба миқдори як милёрду 300 милюн сомонӣ бидеҳкор аст ва кормандонаш дар муддати чаҳор моҳи гузашта маъоши худро дарёфт накардаанд.
