Бонки Осиёӣ аз тарҳи байналмилалии роҳи оҳан ҳимоят мекунад

  • 16 Январ, 2014
Си Си ЮImage copyrightBBC World Service
Image caption Оқои Ю гуфт, ки БТО тасмим гирифтааст, ки дар соли 2015 барои бунёди қисмати тоҷикистонии ин роҳи оҳан ба миқдори 100 милюн дулор ба Тоҷикистон сармоя ворид кунад

Бонки Тавсеъаи Осиёӣ мегӯяд, ки дар садад аст дар сармоягузории тарҳи роҳи оҳани Тоҷикистон-Туркманистон-Афғонистон ба таври фаъъол ширкат кунад.

Сӣ Сӣ Ю, масъули дафтари Бонки Тавсеъаи Осиёӣ (БТО) дар Тоҷикистон, рӯзи панҷшанбеи 16 январ дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, ки аз ҷумла ин бонк барои таҳияи мустанадоти фаннию иқтисодии ин тарҳ як милюн дулор тахсис додааст.

Ба гуфтаи оқои Ю, БТО тасмим гирифтааст, ки дар соли 2015 барои бунёди қисмати тоҷикистонии ин роҳи оҳан ба миқдори 100 милюн дулор ба Тоҷикистон сармоя ворид кунад.

Аммо ҳанӯз рӯшан нест, ки ин маблағ вом хоҳад буд ё кумаки билоъивази молӣ. Мумкин аст бахши умдаи ин пул ба унвони кумаки молӣ дар ихтиёри Тоҷикистон гузошта шавад.

Қаблан Вазорати роҳу таробарии Тоҷикистон гуфта буд, ки имкон дорад аз ноҳияи Колхозобод ба шаҳраки Дӯстӣ, дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон, ки имтидодаш 45 килуметр аст, роҳи оҳан эҳдос шавад.

Ҳамакнун давлати Тоҷикистон тарҳи бунёди роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвонро, ки имтидодаш 46 килуметр аст, рӯйи даст гирифтааст, ки вилояти Хатлонро ба шаҳри Душанбе муттасил хоҳад кард.

Ҳамзамон, ин масъули БТО қисмати афғонистонии роҳи оҳани Тоҷикистон-Туркманистон-Афғонистонро аз бахшҳои пурҳазина ва аз лиҳози амниятӣ осебпазир арзёбӣ кард.

Давлати Тоҷикистон пешниҳод карда буд, ки ба далели масоили амниятӣ ин роҳи оҳан аз Тоҷикистон на ба вилояти Кундузи Афғонистон, балки аз тариқи ноҳияи Шаҳртуси Тоҷикистон ба Туркманистон муттасил шавад.

Намояндаи БТО гуфт, ки дар ин замина мақомоти Тоҷикистон, Туркманистон ва Афғонистон тасмим хоҳанд гирифт, аммо ҷониби Афғонистон эълом доштааст, ки ба убури ин хатти роҳ оҳан аз бештари навоҳию шаҳрҳои манотиқи шимоли ин кишвар алоқаманд аст.

Зимнан, дар моҳи июни соли гузашта бо ширкати руасои ҷумҳурии Тоҷикистон, Туркманистон ва Афғонистон дар шаҳри Атамуроди Туркманистон бунёди роҳи оҳан миёни ин се кишвар шурӯъ шуда буд.

Ин роҳ тавассути манотиқи Имомназар ва Акинаи Туркманистон ба Андхуйи Афғонистон пайваст хоҳад шуд.

Аҳмадшоҳ Ваҳид, муъовини вазири фавоиди оммаи Афғонистон, гуфта буд, ки 85 килуметр аз ин роҳи оҳан дар Туркманистон ва беш аз 300 килуметри он дар вилоятҳои шимолии Афғонистон бунёд хоҳад шуд.

Тафоҳумномаи сохти ин роҳи оҳан байни се кишвари Тоҷикистон, Афғонистон ва Туркманистон 20 марти соли гузашта, дар рӯзи Наврӯз, тавассути руасои ҷумҳурии ин кишварҳо дар Ишқобод имзо шуда буд.

Дар ҳамин ҳол, Сӣ Сӣ Ю, масъули дафтари Бонки Тавсеъаи Осиёӣ дар Тоҷикистон, тарҳи ҷадиди кумакҳои билоъивази ин бонк барои Тоҷикистонро муъаррифӣ кард, ки барои се соли оянда пешбинӣ шуда ва ҳазинааш 313,9 милюн дулори омрикоӣ аст.

Оқои Ю гуфт, ки Сандуқи Байналмилалии Пул пас аз натиҷагирӣ аз вазъи иқтисодии Тоҷикистон ин кишварро дар пардохти баҳраҳои бидеҳиҳои хориҷӣ осебпазир хонда ва ба созмонҳои байналмилалии молӣ тавсия додааст, ки ба ин кишвар умдатан кумакҳои билоъивази молӣ ихтисос диҳанд.

Ба гуфтаи ӯ, ин маболиғ дар бахшҳои нақлиёт, энержӣ, амнияти ғизоӣ, таъмини оби ошомиданӣ барои сокинони Тоҷикистон ва бунёди қисмати тоҷикистонии роҳи оҳани Тоҷикистон-Туркманистон-Афғонистон масраф хоҳад шуд.

Матолиби муртабит