Порлумони Тоҷикистон қарордоди кумаки БТО барои тармими роҳҳоро тасвиб кард

  • 25 Декабр, 2013

Маҷлиси намояндагони порлумони Тоҷикистон мувофиқатномаи ин кишвар бо Бонки Тавсеъаи Осиёӣ (БТО) барои бунёди роҳи иртиботӣ дар масири Восеъ-Ховалинг ва Сайрон-Қаромиқро баррасӣ ва тасвиб кард.

Ин мувофиқатномаро, ки рӯзи 7 октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе имзо шуда буд, рӯзи чаҳоршанбеи 25 декабр Ҷамолиддин Нуралиев, муъовини аввали вазири молияи Тоҷикистон, дар иҷлоси порлумон муъаррифӣ кард.

Оқои Нуралиев гуфт, ки дар назар аст дар чорчӯби ин тарҳ 30 килуметр аз роҳҳои миёни рустоҳо дар навоҳии Восеъ ва Ховалинги вилояти Хатлон тармиму бозсозӣ шаванд.

Сармояи ин тарҳ 89 милюн дулори омрикоӣ буда, аз ин ҷумла, 70 милюн дулор кумаки молии БТО ва 19 милюн дулор саҳми давлати Тоҷикистон маҳсуб мешавад.

Интизор меравад, ки ин роҳҳои иртиботӣ дар авохири соли 2017 мавриди баҳрабардорӣ қарор гиранд.

Феълан дар Тоҷикистон ҳафт тарҳ дар бахши роҳсозӣ рӯи даст гирифта шудааст, ки ҳазинаи умумии онҳо 2,2 милёрд сомонӣ ё беш аз 400 милюн дулор арзёбӣ мешавад.