Кумаки имсолаи Бонки Осиёӣ ба Тоҷикистон: 250 милюн дулор
Дар соли ҷорӣ Бонки Тавсеъаи Осиёӣ (БТО) ба Тоҷикистон барои иҷрои тарҳҳои мухталиф 250 милюн дулор кумаки молӣ ихтисос додааст.
Ин матлаб дар баёнияи намояндагии БТО дар Тоҷикистон ба истиқболи 15-умин солгарди ҳамкориҳои ду ҷониб дар заминаи коҳиши фақр ва тавсеъаи пойдор дар Тоҷикистон эълом шудааст.
Гуфта мешавад, ки кумаки 250-милюндулории БТО умдатан барои иҷрои тарҳи бозсозии нерӯгоҳи "Сарбанд" дар Тоҷикистон ва тарҳҳои дигар дар заимнаи бозсозии ҷоддаҳо масраф мешавад.
Ҳалли мушкилоти зистмуҳитии марбут ба рӯдхонаи Панҷ, убуру мурур аз марзҳо ва таъсиси шароити беҳтари фаъъолиятҳои тиҷорӣ аз аҳдофи дигари ин тарҳҳо будааст.
Тоҷикистон дар соли 1993 ба узвияти БТО пазируфта шуд ва соли 2003 намояндагии ин ниҳоди молии байналмилалӣ дар Душанбе ифтитоҳ шуд.
Дар баёнияи намояндагии БТО ҳамчунин гуфта мешавад, ки дар ин муддат Тоҷикистон аз ин ниҳод беш аз як милёрду 80 милюн дуллор эътибороти молӣ дарёфт кардааст, ки 709 милюн аз ин маблағ кумакҳои билоъиваз мебошад.
Таъкид шуда, ки кумакҳои БТО ба раҳоӣ аз бунбасти иртиботӣ, беҳтар сохтани шароити дастрасӣ ба манобеъи энержӣ ва бозсозии зербаноҳои иқтисодӣ мусоъидат кардааст.
