Хушбинии Бонки Осиёӣ нисбат ба рушди иқтисодии Тоҷикистон

Бонки Тавсеъаи Осиёӣ (БТО) дар гузориши ҷадиди худ гуфта, ки тавлидоти нохолиси миллии Тоҷикистон аз он чи қаблан пешбинӣ шуда буд, бештар рушд хоҳад кард.
Дар баҳори соли ҷорӣ ин ниҳоди молии байналмилалӣ эълом карда буд, ки қарор аст мизони тавлидоти нохолиси миллии Тоҷикистон дар соли ҷорӣ 6,5 дарсад рушд кунад. Ҳамакнун ҳадс зада мешавад, ки ин рақам муъодили 7 дарсад хоҳад буд.
Дар соли 2012 ин шохиси рушди иқтисодӣ муъодили 7,5 дарсад буд ва интизор меравад дар соли оянда ҳудуди шаш дарсад бошад.
Коршиносони БТО бар ин назаранд, ки афзоиши маболиғи интиқолии муҳоҷирони корӣ, рушди тиҷорат ва хадамот ҳамчунон омили аслии тавсеъаи иқтисодӣ дар Тоҷикистон хоҳад буд.
Асел Чингишева, масъули намояндагии дафтари БТО дар Тоҷикистон, мегӯяд: "Иқтисоди Тоҷикистон ба рушди бесобиқае даст ёфтааст, вале ҳамчунон вобастаи маболиғест, ки муҳоҷирони корӣ мефиристанд."
Вай афзуд: "Тавсеъаи саноеъ ва бахши кишоварзӣ ва рушди бахши хусусӣ ба пешрафти устувори иқтисодӣ дар Тоҷикистон кумак хоҳад кард."
Дар баёнияи дафтари намояндагии БТО таъкид шуда, ки давлати Тоҷикистон аз сиёсати дурусти молиёт ва дороӣ кор мегирад. Тибқи иттилоъи ин муассиса, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ нархи таваррум дар Тоҷикистон 6,2 дарсад буда, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бештар аст.
Вале мубодилаи дурусти арз паёмадҳои ногувори таваррумро аз байн бурдааст. Гуфта мешавад, ки то охири соли ҷорӣ нархи таваррум 6,5 дарсад ва дар соли оянда 7 дарсад хоҳад шуд.
Ин созмони молии байналмилалӣ ҳамчунин иттилоъ дода, ки дар нимаи аввали соли ҷорӣ коҳиши 8,6-дарсадии мизони содироти Тоҷикистон мушоҳида шудааст. Ин амр ба коҳиши оидот аз содироти панба ва олуминиюм рабт дорад. Вале афзоиши пулҳои интиқолии муҳоҷирон ба рушди 8,7-дарсадии воридот мусоъидат кардааст.
Зимнан БТО ҳамасола пешбиниҳои худро дар бораи вазъи иқтисодии кишварҳои осиёӣ дар баҳор ва пойиз дар гузорише мунташир мекунад.
Тоҷикистон соли 1998 ба узвияти БТО пайваста ва то ҳол аз ин ниҳоди молии байналмилалӣ ба маблағи беш аз як милёрд дулор эътиборот ва кумакҳои молии билоъиваз дарёфт кардааст.
Гуфта мешавад, ки кумакҳои БТО барои рафъи инзиво ва беҳбуди иртиботот, дастрасӣ ба манобеъи энержӣ, эҷоди шароити беҳтари иқтисодӣ, дастрасӣ ба хадамоти иҷтимоӣ ва беҳтар сохтани вазъи зиндагии сокинони Тоҷикистон муфид будааст.
