Раҳмон хостори таҳкими равобит бо Ӯзбакистон шуд

  • 1 Сентябр, 2014
Раҳмон-КаримовImage copyrightBBC World Service
Image caption Президент Раҳмон хостори таҳкими равобит бо Ӯзбакистон шудааст

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон “муносибот бо Ӯзбакистон”-ро аз афзалиятҳо дар сиёсати хориҷии ин кишвар унвон кардааст.

Дар паёми табрикии Президент Раҳмон, ки субҳи душанбеи 1 сентябр, дар иртибот ба солгарди ҷашни истиқлоли Ӯзбакистон ба Ислом Каримов, раиси ҷумҳурии ин кишвар ирсол шудааст, ба истифодаи "тамоми иқтидори мавҷуда барои таҳкими минбаъдаи муносиботи неки ҳамсоягӣ ва ҳамкориҳои мутақобила” таъкид шудааст.

Оқои Раҳмон ибрози умедворӣ кардааст, ки дидори қарибулвуқӯъи Президент Каримов ба Тоҷикистон дар чорчӯби ҳамоиши сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой дар моҳи ҷорӣ ба ин раванд тақвият мебахшад.

Дар моҳи октябри соли 1992 равобити диплумотик миёни ин ду кишвар шурӯъ шуда, аммо дар зарфи 20 соли ахир равобит миёни Тоҷикистон ва Ӯзбакистон бо шебу фарозҳои зиёде ҳамроҳ будааст.

Дар соли 2000 миёни ин ду кишвари ҳамсоя низоми визо ҷорӣ шуда, дар роҳи убуру мурури сокинон ва ҳамлу нақли колои Тоҷикистон аз тариқи Ӯзбакистон мушкилот ва маонеъи фаровоне эҷод шудааст.

Бахусус, пас аз шурӯъи дубораи бунёди нерӯгоҳи Роғун дар Тоҷикистон равобит бо Ӯзбакистон ба сардӣ гароида ва Ӯзбакистон мухолифати худро ба тарҳи эҳдоси ин пружа эълом эълом кард.

Ба эътиқоди мақомоти Ӯзбакистон бунёди чунин нерӯгоҳи бузург бо садди 335 метрӣ барои вазъи муҳити зисти минтақа хатарзо буда ва мумкин аст, дар таъмини кишварҳои поиноб бо об барои обёрӣ мушкил пайдо шавад.

Аммо ҷониби Тоҷикистон мукарраран ин иддаъоро рад карда ва мегӯяд, ки бунёди нерӯгоҳи Роғун барои кишварҳои ҳамсоя мушкиле эҷод нахоҳад кард.

Ҳамчунин, дар масъалаи таъйини хутути марз миёни тарафҳо тавофуқи усулӣ ҳосил нашуда ва дар соли 2000 Ӯзбакистон бо баҳонаи мубориза бо гуруҳҳои тундрави исломгаро ба таври якҷониба манотиқи марзии худ бо Тоҷикистонро минкорӣ кардааст.

Тибқи иттилоъи Маркази минрӯбии Тоҷикистон аз замони мингузорӣ шудани манотиқи марзии Тоҷикистон бо Ӯзбакистон дар соли 2000 то ба ҳол бар асари инфиҷори мин беш аз 80 тан аз атбоъи тоҷик кушта ва ҳудуди 100 нафари дигар захмӣ шудаанд.

Ин дар ҳолест, ки 5 октябри соли 2002 дар шаҳри Душанбе аз сӯйи сарони Тоҷикистон ва Ӯзбакистон дар мавриди таъсиси Кумисиюни муштарак барои таъйини хутути марз ва ҳалли масоили марзӣ имзо шудааст.

Бино ба иттилоъи Вазорати хориҷаи Тоҷикистон, то ҳол беш аз 80 дарсади хутути марзи муштараки Тоҷикистон бо Ӯзбакистон мушаххас шуда, аммо ҷонибҳо дар мавриди манотиқи баҳснок дар ин марз ба тавофуқ нарасидаанд.

Зимнан, Ӯзбакистон миёни мамолики мустақили муштаракулманофеъ танҳо кишварест, ки бо Тоҷикистон ҳеч гуна иртибототи ҳавоӣ ва утумубилӣ надорад.

Мизони табодули коло миёни Тоҷикистон ва Ӯзбакистон низ дар сатҳи поин қарор дошта ва дар соли гузашта танҳо 12 милюн дулори омрикоиро ташкил додааст.

Матолиби муртабит