Мулоқоти Раҳмон бо масъули мубориза бо терурисми Гурӯҳи Шонгҳой

  • 29 Июл, 2014
Эмомалӣ РаҳмонImage copyrightBBC World Service
Image caption Оқои Раҳмон таъкид карда, ки кумак ба Афғонистон барои тағйири авзоъ, дастрасӣ ба сабот ва рушди иқтисодии он кишвар ба суди тамоми кишварҳои минтақа аст

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон гуфтааст, ки ин кишвар таъаҳҳудоти худ ба кунвонсиюни Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой барои мубориза бо терурисм ва ифротгароиро комилан иҷро мекунад.

Эмомалӣ Раҳмон афзуда, ки мавзеъи Тоҷикистон дар мубориза бо терурисм, ифротгароӣ ва ҷудоихоҳӣ устувор буда ва барои таъмини амният ва саботи минтақа бо шарикони худ ҳамкорӣ мекунад.

Оқои Раҳмон ин суханонро рӯзи сешанбеи 29 июл дар мулоқоти худ бо Ҷан Синфен, раиси кумитеи иҷроияи мубориза бо терурисми Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой (СҲШ) иброз доштааст.

Торнамои риёсати ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки дар ин мулоқот ҷонибҳо бо таваҷҷуҳ ба авзоъ дар Афғонистон ба тақвияти ҳамкориҳо дар заминаи мубориза бо авомиле, ки терурисмро тақвият мебахшад, таъкид кардаанд.

Оқои Раҳмон ҳамчунин гуфта, ки кумак ба Афғонистон барои тағйири авзоъ, дастрасӣ ба сабот ва рушди иқтисодии он кишвар ба суди тамоми кишварҳои минтақа аст.

Дар мулоқоти Президент Раҳмон ва Ҷан Синфен масоили марбут ба ҳамоиши қарибулвуқӯъи сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой, ки қарор аст дар шаҳри Душанбе доир шавад, матраҳ шудааст.

Мулоқоти оқои Раҳмон бо раиси кумитеи иҷроияи мубориза бо терурисми СҲШ як рӯз қабл аз баргузории ҷаласаи Шӯрои вузарои умури хориҷаи кишварҳои узви ин созмон дар Душанбе баргузор мешавад.

Ҳамчунин, қарор аст рӯзи 30 июли соли ҷорӣ Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия, ба Тоҷикистон сафаре расмӣ анҷом дода ва бо Президент Раҳмон мулоқот кунад.

Рӯзе баъд оқои Раҳмон бо Ван И, вазири умури хориҷаи Чинро, ки низ бо сафари расмӣ вориди Тоҷикистон хоҳад шуд, мулоқот мекунад.

Русия ва Чин ду кишвари умда дар Гурӯҳи Шонгҳой ҳастанд, ки дар кишварҳои дигари узви ин гурӯҳ нуфузи биломунозеъе доранд.

Матолиби муртабит