Паёми идонаи Раҳмон ва ёдоварияш аз 'даҳшати ҷанги дохилӣ'

  • 26 Июл, 2014
РаҳмонImage copyrightBBC World Service
Image caption Коршиносонм егӯянд, ки оқои Раҳмон бо чолишҳои тозаи иқтисодиву иҷтимоъӣ рӯбарӯст, ки таҳдидҳои амниятиеро низ ба дунбол дорад

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар паёми худ ба муносибати иди Фитр аз "даҳшати ҷанги дохилӣ" ёдовар шуда ва ибрози итминон карда, ки мардуми ин кишвар дар ин рӯз барои сулҳу ваҳдат дуъо кунанд.

Эмомалӣ Раҳмон аз мардуми Тоҷикистон, ки фақиртарин кишвар дар ҳавзаи Шӯрави собиқ маҳсуб мешавад, ҳамчунин хоста, ки сарфаҷӯиро пеша кунанд ва бо кумак ба ятимону маълулон, пирону ранҷурон, ниёзмандон ва хонаводаҳои камбизоат барои "оростани дастархони маънавӣ" талош варзанд.

Паёми телевизиюнии забтшудаи оқои Раҳмон субҳи рӯзи 26 июл, ду рӯз қабл аз иди Фитр, аз тариқи торнамои риёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар дастраси корбарони интернет қарор дода шудааст.

Раисҷумҳури Тоҷикистон, ки беш аз ду даҳа зимоми умурро дар даст дорад, зимни ситоиш аз моҳи рамазон ва иди Фитр иброз дошта, ки ин суннатҳои бисёр муқаддаси динӣ "таҷассуми беҳтарин арзишҳои инсонӣ – сабру таҳаммул, раҳму шафқат, некиву накӯкорӣ ва дигар аъмоли хайру созанда" маҳсуб мешаванд.

Вай дар идомаи суханонаш мегӯяд, ки давлати Тоҷикистон озодии эътиқод ва виҷдонро "ҳамчун арзишҳои волои мардуми мусулмони мо" ҳифз мекунад ва риъояти онҳоро замонат медиҳад. Ин дар ҳолест, ки мухолифони ӯ ҳамвора аз помол шудани озодиҳои мазҳабӣ дар Тоҷикистон интиқод мекунанд.

Оқои Раҳмон ҳамчунин хостори тарвиҷи "паҳлуҳои нодиру созандаи" дини мубини ислом, аз ҷумла "дастгирии ятимону маълулон ва муҳтоҷону камбизоъатон" шуда ва мегӯяд, ки ислом "дини инсофу адолат, сулҳу амният" буда ва "озору шиканҷа, хушунату зӯроварӣ ва қатлу ғоратро" маҳкум мекунад.

Бо эътиқоди раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, ислом бо ҳама гуна "зуҳуроти манфию таҳдиду хатарҳои муъосир, аз ҷумла терурисм ва экстремисм (ифротгароӣ)" мухолиф аст.

Вай бо ёдоварӣ аз ҷанги дохилии 1992-97 мегӯяд: "Мо як маротиба даҳшати ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро аз сар гузарондем ва ҳаргиз фаромӯш намекунем, ки амнияту оромӣ, ризояти шаҳрвандӣ, ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи саросарӣ ба мо бар ивази чӣ қадар хисороти ҷониву молӣ муяссар шудааст."

Оқои Раҳмон ибрози итминон карда, ки мардуми Тоҷикистон дар рӯзҳои иду ҷашнҳо ва рӯзҳои дигар бо такя ба "суннатҳои неки инсондӯстиву сулҳпарварии аҷдоди некноми худ" барои "сулҳу саботи ҷовидона, таҳкими ваҳдати миллӣ, ободиву тараққиёти Ватани азизамон" дуъои хайр мекунанд.

Ёдоварии ӯ аз "даҳшати ҷанги дохилӣ" дар ҳолест, ки ҳафдаҳ сол аз имзои созишномаи сулҳ миёни ӯ ва мухолифони собиқаш гузашта ва ба гуфтаи соҳибназарон, намояндагони насли ҷавон дар бораи вақоеъи он ҷанг иттилоъи чандон дақиқу рӯшан ва қобили эътимоде надоранд.

Дар ҳоле ки расонаҳои давлатӣ оқои Раҳмонро ҳамвора "қаҳрамоне бемислу монанд ва оварандаи сулҳу ваҳдат барои миллат" муъаррифӣ мекунанд, мухолифони ӯ бо ишора ба мақоли "як даст садо надорад" мантиқи ин ҳама таблиғот аз сӯйи расонаҳои зери дасти ӯро пайваста ба чолиш кашидаанд.

Аз сӯи дигар, гуфта мешавад ҳеч гуна пажӯҳиши ҷомеъу фарогир ва бетарафонае дар бораи илалу авомили ҷанги дохилии Тоҷикистон, паёмадҳои он, паҳлуҳои мубҳаму норӯшани он, аз ҷумла иддиъои ҷиноёти ҷангие, ки аз сӯйи тарафҳои даргир дар мавқеъиятҳои мухталифе сурат гирифта, анҷом нашудааст.

Агарчи бархе аз мунтақидони оқои Раҳмон ёдоварии ӯ аз "даҳшати ҷанг" пас аз ҳафдаҳ соли имзои созишномаи сулҳро як навъ такрори мукаррарот мехонанд, гурӯҳи дигар бар ин назаранд, ки ин амр баёнгари нигаронии шадиди ӯ аз "шиканандагии сабот" дар Тоҷикистон аст.

Ба иловаи коҳиши ҷиддии содироти Тоҷикистон, ки мӯҷиби коҳиши вуруди арзи хориҷӣ шудааст, коршиносон маҳдудияти кори беш аз як милюн муҳоҷири тоҷик дар Русия ва коҳиши сармояи интиқолии онҳоро низ таҳдиде ҷиддӣ барои иқтисоду иҷтимоъ ва ҳатто амнияти ин кишвар медонанд.

Иқтисоди Тоҷикистон беш аз ҳар чизе рӯи шонаи муҳоҷирон устувор аст ва пулҳои интиқолии онҳо, бо таваҷҷуҳ ба додаҳои Бонки Ҷаҳонӣ, бамаротиб бештар аз будҷеи давлат ва муъодили беш аз 47 дарсад аз тавлиди нохолиси дохилии ин кишвар арзёбӣ шудааст.

Матолиби муртабит