Ҳушдори Раҳмон аз хатароти эҳтимолӣ дар марз пас аз хурӯҷи НОТУ аз Афғонистон
Image copyrightBBC World ServiceРаиси ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта, ки мумкин аст пас аз хуруҷи нерӯҳои НОТУ аз Афғонистон дар авохири соли ҷорӣ хатароти терурисм, ифротгароӣ ва қочоқи маводди мухаддир дар марзҳои ҷанубии ин кишвар афзоиш ёбад.
Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи панҷшанбеи 19 июн бо масъулони тозаинтисоби Идораи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон суҳбат мекард, марзбононро ба тақвияти муроқибат аз марзҳои ин кишвар даъват кард.
Феълан дар Афғонистон беш аз 100 ҳазор тан аз нерӯҳои Ноту ва Омрико мустақар буда ва дар назар аст то авохири соли ҷорӣ ин нерӯҳо аз Афғонистон хориҷ шаванд.
Интизор мерафт дар моҳи октябри соли гузашта миёни Омрико ва Афғонистон мувофиқатномае амниятӣ имзо шуда ва дар чорчӯби ин санад бахше аз нерӯҳои Омрико дар ин кишвар боқӣ бимонанд.
Аммо Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳурии Афғонистон, аз имзои ин санад худдорӣ карда, ва ба ин тартиб, ҳузури баъдии нерӯҳои Омрико дар Афғонистон зери суол рафтааст.
Дар ҳамин ҳол, раҳбарони бархе аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия аз авоқиби эҳтимолии хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон барои амнияти кишварҳои минтақа ибрози нигаронӣ карда ва гуфтаанд, ки имкон дорад амнияти ин кишварҳо зери хатари террурисм ва ифротгароӣ қарор гирад.
Ҳамчунин, онҳо ба имкони афзоиши тавлид ва қочоқи маводди мухаддир дар Афғонистон ишора кардаанд, ки аз маболиғи бадастомада аз фурӯши ин мавод ба унвони манобеъи молии терурисм истифода мешавад.
Ҷониби Русия пешниҳод карда, ки пас аз соли 2014 Русия, Афғонистон, Эрон, Покистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ барои ҷилавгирӣ аз афзоиши мизони тавлиди маводди мухаддир дар Афғонистон як "Маркази муштараки ҷилавгирӣ" таъсис диҳанд.
Пешниҳод шуда, ки ин марказ ба кишоварзони афғон кумаки молӣ ироа кунад, то онҳо ба ивази хашхош рустаниҳои мавриди ниёзи бозори дохилиро кишт кунанд.
Дар ҳамин ҳол, Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳурии Қазоқистон, мукарраран таъкид доштааст, ки хуруҷи нерӯҳои НОТУ аз Афғонистон барои кишварҳои Осиёи Марказӣ “хатаре ҷиддӣ” нахоҳад дошт.
Ба эътиқоди оқои Назарбоев, ба эҳтимоли қавӣ бахше аз нерӯҳои Омрико дар Афғонистон боқӣ монда ва нерӯҳои амниятии ин кишвар низ тавони муқобала бо гурӯҳои терурист ва ифротгароро доранд. Барои рафъи хатароти терурисм ва ифротгароӣ ҷомеъаи ҷаҳонӣ бояд дар ҷиҳати эҳё ва тавсеъаи иқтисоди Афғонистон ба ин кишвар кумакҳои бештари молӣ ироа кунанд.
Зимнан, дар мулоқоти имрӯзи Президент Раҳмон бо масъулони тозаинтисоби нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ба таҳкими бештари марзҳои ҷанубии ин кишвар ва “боло бурдани масъулияти марзбонон” таъкид кардааст.
Бино ба иттилоъи дафтари матбӯъоти риёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳур ва фармондеҳи кулли нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар, Ҳабибулло Сафаров, муъовини аввали фармондеҳ ва раиси Ситоди нерӯҳои марзбонӣ, Раҷаб Маҳмадалиев, муъовини фармондеҳ дар бахши иктишоф ва Муҳаммад Ҷаъфаров, муъовини фармондеҳ дар бахши корҳои тарбиятӣ таъйин шудаанд.
Ҳамчунин, масъулони дастаҳои марзбонии Регар, Панҷ, Шӯрообод, Ҳамадонӣ, Мурғоб, Шаҳритус, Табошар, Дарвоз, Панҷакент ва Лангар дар марзҳои Тоҷикистон бо Қирғизистон, Узбакистон ва Афғонистон интисоб шудаанд.
