Раҳмон: 'Низомиёни мо аз ҳама обутобёфтатар дар минтақа ҳастанд'

  • 27 Май, 2014
МарзImage copyrightBBC World Service
Image caption Дар 20 соли ахир дар марзҳои Тоҷикистон 120 дидбонгоҳи ҷадид бунёд шудааст

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, ки нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар, бавижа марзбонон, агарчи таъсиси онҳо "аз сифр шурӯъ" шуда, вале "аз ҳама обутобёфта дар минтақа" ҳастанд.

Ин матлабро Эмомалӣ Раҳмон рӯзи сешанбеи 27 май зимни суханронӣ дар маросими таҷлил аз 20-умин солгарди таъсиси Нерӯҳои марзбонии ин кишвар иброз дошт.

Вай гуфт, ки дар пайи фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ Тоҷикистон, ки ҷузъи ин имперотурӣ маҳсуб мешуд, аз мероси артиши шӯравӣ, назири силоҳу таҷҳизоти ҷангӣ ва зерсохтҳои низомӣ саҳме дарёфт накардааст.

Оқои Раҳмон гуфт: "Вақте сари қудрат омадам, вазорати дифоъ надоштем, ягон генерал надоштем, як сарбоз надоштем, ҳатто як милтиқи чӯбин надоштем.”

Ба гуфтаи ӯ, дар шароити ҷанги дохилӣ ва буҳрони шадиди иқтисодӣ давлати Тоҷикистон тавонистааст Нерӯҳои марзбонии худро аз сифр таъсис карда ва зербиноҳои марзиро бунёд кунад.

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, ки дар зарфи 20 соли ахир дар Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон 20 женерол ва ҳазорҳо нафар мутахассисони низомӣ тарбият ёфта ва теъдоди нерӯҳои марзбонии ин кишвар ба 20 ҳазор нафар расидааст. Зербиноҳои Нерӯҳои марзбонӣ ҳам ҷавобгӯйи меъёрҳои муъосир шудааст.

Вай гуфт: "Шумоён дар назди чашмони ман, дар назди миллату халқу ватани худ ба камолот расидед. Мо имрӯз танҳо дар нерӯҳои марзбонӣ беш аз 20 нафар женерол дорем, ҳазорҳо мутахассиси ҷавонро тарбият кардем. Аз сифр ё ҷойи холӣ (шурӯъ карда), имрӯз нерӯҳои марзбони худро мо қариб ба 20 ҳазор нафар расондем, ки ин кори саҳлу сон нест. Садҳо иншоот бунёд кардем."

Оқои Раҳмон афзуд: "Дар зарфи 20 сол ҳар як хидматчии низомӣ, ҳар як марзбон, қувваҳои мусаллаҳ, чи қаҳрамониҳое нишон надоданд. Аз лиҳози таҷрубаи ҷангӣ хидматчиёни қувваҳои мусаллаҳи мамлакати Тоҷикистон ва масхухсан нерӯҳои марзбон аз ҳама обутобёфта дар минтақа ҳастанд."

Тибқи иттилоъи манобеъи Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, феълан дар марзҳои ин кишвар 34 гузаргоҳи марзӣ, аз ҷумла 5 гузаргоҳ дар фурӯдгоҳҳо, 4 гузаргоҳ дар истгоҳҳои роҳи оҳан, 24 гузаргоҳ дар роҳҳои заминӣ ва як гузаргоҳ тавассути рӯдхона фаъъол аст.

Дар ин муддат 120 дидбонгоҳи марзии ҷадид эҳдос шудаанд, феълан тармиму бозсозии 100 дидбонгоҳу муассисоти марзӣ идома доштааст. Дар зарфи 10 соли ахир сармоягузорӣ дар Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон 25 маротиба афзоиш ёфтааст.

Ин манобеъ гуфтаанд, дар зарфи 20 сол беш аз 2400 мавриди нақзи муқаррарот ва убури ғайриқонунӣ аз марз сабт шуда ва болиғ ба 17 ҳазор тан аз афроди қонуншикан дар марз боздошт шудаанд.

Ҳамчунин, дар ҷараёни 400 амалиёти фаврӣ 20 тун маводди мухаддир, беш аз 1000 адад силоҳи оташфишон ва 306 ҳазор адад силоҳу муҳиммоти ҷангӣ кашф ва мусодира шудааст.

Дар 20 соли ахир сад тан аз сарбозону афсарони Нерӯҳои марзбонӣ, аз ҷумла 15 нафар, бо нишонҳои олии кишвар қадр шудаанд.

Имрӯз низ Президент Раҳмон ба чанд тан аз афсарону сарбозони марзбон нишону медолҳо ва ба сарҳанг Баҳриддин Муъминҷонзода, раиси бахши омодагии ҷангии Нерӯҳои марзбонӣ, рутбаи женеролро эъто кард.

Аммо раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар суханронии худ ба мавориди фаровони лату кӯби навсарбозон дар воҳидҳои марзбонӣ, ки бар асари онҳо бархе аз сарбозон шадидан захмӣ ва ҳатто кушта мешаванд, ишорае накард.

Тоҷикистон бо Узбакистон, Қирғизистон, Чин ва Афғонистон марзҳои муштарак дошта ва имтидоди умумии марзҳои ин кишвар 4200 килуметрро ташкил медиҳад.

Марзҳои тӯлонии Тоҷикистон бо Афғонистон (беш аз 1400 килуметр) ва Узбакистон (1363 килуметр) буда, имтидоди марзҳои ин кишвар бо Қирғизистон 970 килуметр ва Чин ҳудуди 500 килуметр аст.

Ҳамчунин, дар марзҳои Тоҷикистон бо Узбакистон 16 гузаргоҳ, Қирғизистону Афғонистон мутаносибан 5 гузаргоҳӣ ва Чин як гузаргоҳи марзӣ фаъъол аст.

Матолиби муртабит