Таҷлил аз солгарди нерӯҳои марзбони Тоҷикистон
Image copyrightBBC World ServiceДар майдони “Дӯстӣ”-и шаҳри Душанбе дар иртибот ба 20-умин солгарди таъсиси нерӯҳои марзбони Тоҷикистон режаи низомии нерӯҳои марзбонӣ, низомӣ, интизомӣ ва Кумитаи умури фавқулъоддаи ин кишвар анҷом шуд.
Тибқи иттилоъи расмӣ, субҳи душанбеи 26 май, дар ин режаи низомӣ дар майдони “Дӯстӣ” беш аз 10 ҳазор сарбозону афсарон, аз ҷумла, беш аз 600 бонувон ширкат кардаанд.
Ҳамчунин, беш аз 100 адад зиреҳпӯш ва худравҳои низомӣ, воҳидҳои аспсавор ва воҳидҳои марзбонӣ бо сагҳои хидматӣ дар режаи низомӣ ширкат доштанд.
Нерӯҳои марзбони Тоҷикистон рӯзи 28 майи соли 1994, дар замони ҷанги дохилӣ дар ин кишвар таъсис шуда ва ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон “ин нерӯҳо дар ҷойи холӣ ва бе заминаи моддию техникӣ таъсис ёфтаанд.”
Президент Раҳмон, ки дар ифтитоҳи маросими режаи низомӣ суханронӣ мекард, нерӯҳои марзбониро аз бахшҳои муҳими Нерӯҳои мусаллаҳи кишвар арзёбӣ кард, ки “дар сафи пеши ҳимояи суботи давлату ҷомеъа, мубориза бар зидди қочоқбарон, пешгирии убур ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ дар сарҳади давлатӣ қарор доранд.”
Оқои Раҳмон гуфт: “Бо дарназардошти вазъи мураккабу печидаи ҷаҳони муосир ва торафт шиддат гирифтани бархӯрди манфиатҳо миёни қудратҳои ҷаҳонӣ дар назди шумо вазифаҳои боз ҳам муҳимтар қарор доранд, ки иҷрои онҳо аз ҳар як хизматчии ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, аз ҷумла аскарону афсарони Қӯшунҳои сарҳадӣ масъулияти аз ҳарвақта бештар, ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва омодагии баланди ҷангиро талаб мекунад.”
Тоҷикистон бо Ӯзбакистон, Қирғизистон, Чин ва Афғонистон марзҳои муштарак дошта ва имтидоди умумии марзҳои ин кишвар 4200 килуметрро ташкил медиҳад.
Марзҳои тӯлонии Тоҷикистон бо Афғонистон ( беш аз 1400 килуметр) ва Ӯзбакистон (1363 килуметр) буда, имтидоди марзҳои ин кишвар бо Қирғизистон 970 килуметр ва Чин ҳудуди 500 килуметр аст.
Ҳамчунин, дар марзҳои Тоҷикистон бо Ӯзбакистон 16 гузаргоҳ, Қирғизистону Афғонистон мутаносибан 5 гузаргоҳ ва Чин 1 гузаргоҳи марзӣ фаъъол аст.
