Гузаргоҳи марзии “Кулма-Қаросу” муваққатан баста мешавад

  • 30 Апрел, 2014

Чин тасмим гирифтааст гузаргоҳи марзии Кулма бо Тоҷикистонро таътил кунад.

Тибқи иттилоъи манобеъи Идораи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, ин тасмим дар иртибот бо таҷлил аз ҷашни "Рӯзи заҳматкаш” дар Чин гирифта шудааст.

Ин манобеъ гуфтанд, ки бад-ин манзур гузаргоҳи “Кулма-Қаросу” дар марзи муштараки Тоҷикистону Чин аз якум то панҷуми моҳи май масдуд хоҳад буд.

Таътилии муваққати гузаргоҳи марзӣ бо Чин ҳамасола дар рӯзҳо сурат мегирад ва давлати Чин куллияи гузаргоҳҳои марзии худ бо кишварҳои ҳамҷаворро барои чанд рӯз таътил мекунад.

Иртиботи заминӣ миёни Тоҷикистон ва Чин аз баҳори соли 2004 фаъъол аст. Тибқи иттилоъи Вазорати роҳу таробарии Тоҷикистон, аз авоили соли ҷорӣ аз гузаргоҳи марзии “Кулма-Қаросу” беш аз чаҳор ҳазор адад комюнҳо убур кардаанд.

Зимнан Чин аз шарикони умдаи тиҷорӣ ва иқтисодии Тоҷикистон маҳсуб мешавад ва табодули коло миёни ду кишвар ҳамасола беш аз як милёрд дулорро ташкил медиҳад.