Оғози мулоқоти Раҳмон бо нахуствазири Покистон
Image copyrightAFPБаъд аз зуҳри рӯзи сешанбеи 17 июн Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, ва Навоз Шариф, нахуствазири Покистон, мулоқоти худро пушти дарҳои баста оғоз карданд.
Ин нахустин сафари оқои Шариф аз Тоҷикистон аст ва ӯ бо ҳайъате аз мақомоти кишвараш барои анҷоми дидоре расмӣ имрӯз ба Тоҷикистон ворид шудааст.
Дар ҷараёни мулоқоти имрӯзи ҷонибҳо, ҳайъатҳои кории ду кишвар низ дар ҳамоише мавзӯъи тақвияти ҳамкориҳо миёни Покистону Тоҷикистонро баррасӣ мекунанд.
Соҳибназарон мегӯянд ояндаи Афғонистон ва амнияти минтақа низ дар ин мулоқот баррасӣ хоҳад шуд.
Пештар манобеъи вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон хабар дода буданд, ки дар поёни мулоқоти ҷонибҳо панҷ санади ҳамкорӣ байни ду кишвар дар заминаҳои мухталиф, аз ҷумла иқтисодӣ ва маъориф, ба имзо хоҳанд расид.
Қарор аст, ки оқои Шариф дар ҷараёни сафари дурӯзаи худ бо Қоҳир Расулзода, ҳамтои тоҷики худ, низ мулоқоте анҷом диҳад.
То ҳол миёни Покистону Тоҷикистон ҳудуди 40 санади ҳамкорӣ имзо шудааст.
Муносиботи диплумотик миёни Покистон ва Тоҷикистон дар соли 1992 оғоз шуд. Покистон соли 1993 дар Тоҷикистон сафорати худро боз кард ва сафорати Тоҷикистон дар Покистон аз соли 2005 ба ин сӯ фаъъол аст.
Дар 22 соли барқарории равобити миёни ду кишвар Эмомалӣ Раҳмон чаҳор маротиба сафари расмӣ ба Покистон дошт ва раисони ҷумҳурии Покистон се бор бо дидорҳои расмӣ ба Тоҷикистон омадаанд.
Тибқи иттилоъи манобеъи расмӣ, дар соли 2013 мизони табодули коло миёни Тоҷикистону Покистон беш аз 84 милюн дулорро ташкил додааст, ки беш аз 64 милюн дулор аз он воридоти коло аз Покистон аст.
Покистон бавижа ба ҳамкориҳои низомӣ ва энержӣ бо Тоҷикистон алоқаманд будааст.
